Дар Испания сарпӯшҳои пластикӣ боиси табобати кӯдакони дардманд мегарданд

Аллакай солҳои зиёд боз дар Испания сарпӯшҳои пластикиро ба партовҳо намепартоянд. Онҳоро оилаҳо дар хона ҷамъ карда, баъдан бурда ба маконҳои махсуси қабулкунӣ месупоранд. Ҳоло чунин амали “хайр”-и испаниягиҳо барои табобати кӯдакони бемор мусоидат мекунад. Чӣ тавр?

Айтана Гарсия бо як навъи бемории иллати дил ба дунё меояд. Ӯро танҳо ҷароҳати гаронарзиш, ки дар Амрико карда мешуд, наҷот дода метавонист. Волидайни Айтана тариқи шабакаҳои телевизионии Испания ба ҳамагон муроҷиат намуда, барои ҷамъи маблағи лозима илтиҷо намуданд. Яке аз ширкатҳои коркарди маводи пластикӣ ба хонаводаи Айтана таклиферо пешниҳод кард, ки минбаъд на танҳо ҳаёти ӯ, балки ҳаёти кӯдакони зиёдро наҷот додааст. Ширкати мазкур таклиф мекунад, ки ба ивази 200 тонна сарпӯши пластикӣ метавонад ба оилаи Айтана маблағи лозимаро диҳад.

plast1Шаҳрвандон ҳамоно маъракаи ҷамъоварии сарпӯшҳои пластикиро оғоз намуданд. Қуттиву сабадҳои махсус барои ҷамъ кардани сарпӯшҳо дар ҳамаи маконҳои ҷамъиятии саросари кишвар гузошта шуданд. Миқдори лозимаи сарпӯшҳои пластикиро миёни чанд моҳ ҷамъ карда, ҷароҳатро бо муваффақият гузарониданд.

Чунин таҷрубаи иҷтимоӣ то ҳол дар Испания давом медиҳад. Оилаҳо сарпӯшҳои пластикиро ҷамъ карда, ба маконҳои махсуси қабули маводи пластикӣ хайр мекунанд. Маблағи аз коркарди дубораи сарпӯшҳои пластикӣ ба даст овардашуда барои табобати кӯдакони бемор истифода карда мешавад.

Маълум мегардад, ки ҳамдами дарди кас шудан ҳеҷ мушкилие надорад. Танҳо кофӣ аст, ки чораҳои лозима андешида шаванд.

Манбаъ: Айтана , Сарпӯшҳои пластикӣ

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s