Парвоз

Уқоб бо эҳтимоми зиёд чӯҷаҳояшро ба лаби лона тела кард. «Барои чӣ лаззати парвоз мебоист аз ваҳми суқут оғоз ёбад?»,- уқоб аз худ суол мекард.

Лона дар лаби ҷарии кӯҳи баланд ҷойгир буд. Поёни кӯҳ танҳо холигие мавҷуд буд ва дар ҳолати суқут чӯҷаҳои уқоб ҷон ба саломат бурда наметавонистанд. «Раваду онҳо муваффақ нашаванд?», — тараддуд мекард ӯ.

Аммо новобаста ба ваҳму тарс, ӯ медонист, ки вақт омада расидааст. То он даме ки чӯҷаҳо болои қанотҳои хеш устувор нашаванд, ҳаёти онҳо холӣ аз маъно мемонад. То вақте онҳо малакаи парвозро касб накунанд, онҳо зебоии уқоб буданро нахоҳанд фаҳмид. Инак вақт расиду уқоб чӯҷаҳояшро пайиҳам аз лона ба ҷарӣ ҳавола кард.  

Ва онҳо парвоз карданд!

–D. McNally, «Even Eagles Need a Push»


Барои он ки «чӯҷаҳо» малакаи парвозро касб карда, болои қаноти хеш устувор шаванду ҳаёти мустақилонаашонро оғоз намоянд, лозим аст худро аз лона – «доираи роҳат» берун партоянд. Зеро чунин доираҳои роҳату раҳоват ба инсон дарки рисолати одамӣ ва инкишофи малакаҳои ниҳониро имкон намедиҳанд. Вагарна ҳар фарди ҷомеа, ки аз ҷаҳди маърифат ва инкишофи малакаи касбӣ рӯ гардонида, худро ба оғӯши батолат партофтааст, аз файзу баракати ду олам маҳрум хоҳад монд.


Мактуб аз мудири мактаб

Ҳаёти созанда аз нақшаи рӯз оғоз меёбад

Роҳбалади нафарони қавиирода

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s