Зинда аз онем, ки…-1

Яке аз малакаҳои хуби одамӣ эҷодкорӣ ва санъатофарӣ аст. Бинобар хислати мазкур аз рӯзҳои аввали офариниши олам инсоният тараққӣ карда, соҳиби завқи хоса гаштааст. Ин завқи дар худ тарбиядодаи ӯ шинохти ашёву ҳодисоти оламро барояш имконпазир гардонидааст. Эҷодкорӣ барои инсон дар ҳар давру замон завқи рӯҳонӣ мебахшиду аз асолати башарияш дарак медод. Ҳамин тавр инсон тараққӣ ёфта, шеваи зиндагонияшро боз ҳам осонтару равонтар мекунад.

Дар баробари ин дастовардҳои технологӣ башариятро рӯз аз рӯз ба сӯи танбаливу лавандӣ меғелонанд. Хусусан нафароне, ки вақти холии зиёд доранд, зумраи осебпазирро ташкил медиҳанд. Чунин зумраро нафарони бе ҷойи кори муайян, донишҷӯён, шахсони муҷаррад, хонашинҳо ва касоне, ки бинобар фаровонии молу мулк ҳоҷат ба коркунӣ надоранд, ташкил медиҳанд.

Яке аз мушкилоти умумии донишҷӯён ва ҷавонон самаранок иситфода набурдани вақти холӣ аст. Рӯзҳои зиёд омада мегузарнад, солҳои донишгоҳӣ ба охир мерасанд ва оқибат дар дасти чунинҳо ба истиснои дипломи хатмкунӣ чизе мавҷуд нест. Барои шахсони муҷаррад ҳам айни суханҳоро гуфтан мумкин аст. Аксарият бештари вақтро бенақша ва бе ҳадафҳои муайяни созанда мегузаронанд. Ҳамаи ин боиси бухор шудани неъмати гаронбаҳо – вақт мегардад.

Аз ин рӯ вақти холиро бояд ба сармояе табдил дод, ки дар оянда ҳосили самаранок диҳад. Ҳар кас соҳиби одат ва завқҳои шахсӣ аст. Касе дар вақти холияш китоб мехонад, дигарӣ филмҳои ҳунарӣ, тасвирӣ ва ё филмҳои мустанад тамошо карданро авлотар медонад ва ё баъзеҳо хӯрокпазиву хӯрокхӯриро дӯст медоранд. Донишҷӯ ва ё занҳои хонашине низ ҳастанд, ки дӯзандаҳои моҳиранд ва ё аз зумраи “барои як мард чил ҳунар кам аст” мебошанд. Барои чунинҳо яке аз роҳҳои беҳтарини истифодабарии вақти холӣ, ин сайқал додани машғала ва ё касби омӯхтаистодаашон мебошад. Соҳиби малака шудан ба монанди сармоя ҷамъ кардан аст. Чунин раванд танзими вақт ва иродаи қавиро талаб мекунад. Интизом касро имкон медиҳад, ки ҳамчун нафари соҳибтаҷриба ва соҳибмалака дар ҳаёташ устуворона қадам занад.

Яке аз роҳҳои беҳтарини таҷрибаомӯзӣ ин истифода кардан аз таҷрибаҳои дигарон аст. Манбаи чунин таҷрибаҳо, бе шубҳа, китоб аст. Ҳамин тавр донишҷӯ метавонад китобхонаҳои шаҳр ва ё маҳалли зисташро як ба як гашта, бинобар касби омӯхтаистодааш ва ё машғалаву завқи доштааш осори лозимаро омӯзад. Ба ғайр аз китобхонаҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ ҳамчунин китобхонаҳои шахсӣ-касбӣ мавҷуданд, ки дар он китобҳои лозима гирд оварда шудаанд. Ҳамин тавр ҳар донишҷӯ сайри китобхонаҳоро ба нақша гирифта, то хатми донишгоҳ соҳиби маълумот ва мутахассиси соҳа мегардад. Агар донишҷӯи китобхон дар натиҷаи чунин сайрҳои фарҳангияш ҳар ҳафтае як китоб хонад, то охири сол соҳиби маълумоти на кам сӣ-чил китоб хоҳад шуд. Чунин танзими ҳаёт имконпазир аст ва ҷаҳди зиёдеро ҳам аз ҷавонон талаб намекунад.

Бар замми ин, дар раванди зиёрати чунин китобхонаҳо бо шахсони гуногунмашраб ҳам шиносоӣ пайдо кардан мумкин аст. Онҳо метавонанд табақаҳои гуногуни ҷомеаро ташкил диҳанд, ки дар рафти шиносоӣ ва сӯҳбатороӣ аз таҷриба ва малакаҳои касбӣ ва шахсияшон истифода метавон бурд. Амрикоро дубора кашф кардан ҳоҷат нест. Барои донишҷӯи ҷавон, ки қадамҳои аввалинашро дар ҳаёти мустақилона мегузорад, таҷрибаи ҳаётии чунин ашхос ва маълумоти дар китоб мавҷудбуда хазинаи бебаҳост. Сайрҳои фарҳангиро бо зиёрати намоишгоҳҳои мухталиф ҳам ғанӣ гардонидан мумин аст.

Гузашта аз ин, донишҷӯ аз вақтҳои холияш истифода бурда, ҳатман сайру гашти шаҳрӣ ва ё берун аз онро ба нақша гирад. На ба он маънои сайру гаштҳои кайфии беҳадаф, ки танҳо ҷиҳати ғизои ҷисмонӣ равона шудааст. Сайру гаштҳоеро дар назар дорем, ки боиси афзоиши бойгонии зеҳнӣ ва диди ҷаҳонбинияш мегардад. Ҳатман дар ҳар мавзее осорхонаву биноҳои таърихӣ мавҷуданд. Ва аксар вақт арзиши зиёрати чунин маҳалҳои таърихӣ барои донишҷён ё ройгон аст ва ё арзиши камтареро талаб мекунад.

Ногуфта намонад, ки чунин сайрҳои фарҳангӣ набояд бе қаламу дафтар гузаранд. Таассурот ва ҳаяҷони бардошташударо бояд ҳатман ба дигарон ҳам баён намуд. Ба ин ҷанбаи фаъолиятҳои мазкур бояд аҳамияти хоса дод. Барои ин метавон аз имкониятҳои технологӣ ва интернет истифода бурд. Аллакай аксари донишҷӯён соҳиби “смартфон” ҳастанду имкон ва малакаи истифодабарии интернетро доранд. Онҳо метавонанд баъд аз чунин сайру гаштҳои таърихӣ-фарҳангӣ дар сомонаҳои иҷтимоӣ ба монанди “Facebook”, “Twitter”, “Instagram”, “ВКонтакте”, “Мой мир”, “Одноклассники” ва ғайра таассуроти хешро дар шакли хаттӣ бо аксҳои марбута нашр намоянд. Ва ё метавон як блог кушода, дар он блоги шахсӣ таассуроти хешро баён кард. Ҳамин тариқ таассуроти мазкур дар саҳифаҳои иҷтимоӣ нақш гашта, боиси рангинтар гузаронидани ҳаёти донишҷӯӣ барои ҳамсабақон мешавад.

(давом дорад)


Орзуе дорам!

Шахси муваффақ соҳиби одатҳои муваффақ аст!

Ҳаёти созанда аз нақшаи рӯз оғоз меёбад

4 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s