Зинда аз онем, ки…-2

Ба касе пӯшида ҳам нест, ки ҳаёти донишҷӯӣ бе камбудии молӣ намегузарад. Барои таъмини хеш метавон бо яке аз нашрияҳои маҳаллӣ шартнома баста, барои гӯшаи фарҳангӣ, таърихӣ ва иҷтимоии нашрия бар ивази маблағ мақолаҳо навишт. Ҳоло нашрияҳои ватанӣ, ки доир ба маводи ҷолиб сахтӣ мекашанд, пешниҳоди шуморо ҳатман қабул хоҳанд кард. Вале бояд қайд кард, ки ҳадафи асосӣ аз баёни таассурот дар блог ва нашрияҳо набояд ба даст овардани маблағи иловагӣ бошад. Ҳоло ки донишҷӯед, таҷриба гиред. Ва ҳар майдонеро, ки барои таҷрибагирии шумо имкон фароҳам меорад, истифода баред.

Ҳамин тавр вақти тафреҳиро низ босамар гузаронидан мумкин аст. Мисол, агар шумо мухлиси тамошокунии филмҳои ҳунарӣ, силсилавӣ ва ё филмҳои мустанад бошед, оид ба навор, усули тақдим, доир ба муҳтавои навор, олами синамо нақд ва ё матни таҳлилие нависед. Оид ба бозиҳои варзишӣ ва ё виртуалӣ низ метавон чунин кореро анҷом дод. Агар завқе ба олами технологӣ дошта бошед, матлаби хуби таҳлилие дар ин бора нависед. Китобхонҳои ашаддӣ метавонанд доир ба китобҳои хондаашон нақд навишта, дигаронро аз муҳтавои асар огоҳ созанду барои китобхонӣ ташвиқ кунанд. Ҳоло ки “бозор”-и ватанӣ аз ин лиҳоз “ташна”-и матлабҳои хуб аст, имкон барои дурахши ситораҳои аввалин мавҷуд аст.

Гузашта аз ин, занҳои хонашин ва ё донишҷӯ-духтароне, ки маҳорати хуби хӯрокпазӣ доранд, ҳатман бояд як блоги хӯрокпазӣ ва ё дар сомонаҳои наворӣ ба монанади “YouTube” саҳифаи шахсии хешро кушоянду мардумро аз маҳорати хеш огоҳ кунанд. Чунин амал боиси пайдо кардани ҷойи кор барои бекорон, хонашинҳо ва ё донишҷён мегардад. Ин тамошобинонро соҳиби завқи хӯрокпазӣ ва маърифати меҳмондорӣ мебахшад. Илова ба ин шаҳрвандоне, ки дар яке аз минтақаҳои Тоҷикистон таваллуд шудаанду ҳоло дар минтақаи дигар кор ва фаъолият мекунанд, метавонанд таассурот ва бардоштҳои хешро оид ба оин ва зисти мардуми он макон дар асаре ҷамъ оваранд. Ҳамин тавр таассуроти як хатлонӣ аз Хуҷанд ва ё таассуроти як душанбегӣ аз Бадахшон барин таҳлилҳои нозуки иҷтимоӣ ба миён меояд, ки метавонад барои коршиносони соҳа кӯмакрасон бошад.

Дар навбати худ мутахассисон ва коршиносони соҳаҳои гуногун низ бояд ба таври ҷиддӣ аз таҷрибаҳои корӣ ва бардоштҳои соҳавияшон ҳамагонро огоҳ кунанд. Равоншиносон доир ба ташаккули шуури ҷомеа, тарбияи кӯдак, адаби оиладорӣ ва ғайра мавзӯъҳои марбута дар нашрияҳову сомонаҳои иҷтимоӣ нависанд. Хусусан рӯҳониён бояд ба ин навъ эҷодкорӣ аҳамияти хоса диҳанд. Аз он ки танҳо аз минбарҳои масҷид мардумро насиҳат диҳанд, илова ба ин хуб мешуд, ки ваъзу насиҳатҳои ҳафтаинаашонро ҷиддӣ таҳрир намуда, барои мардум осонбаёнтар дар шакли китоб нашр намоянд. Теъдоди онҳое, ки бо сабабҳои гуногун ба масҷид намераванд, бештар аз мудовимони масҷид мебошад. Мантиқан дуруст мешуд, ки оид ба масъалаҳои рӯзмарра доир ба мавзӯҳои гуногун асар эҷод карда, барои ҳамагон дастрас кунанд. Ҳар мутахассиси соҳа оид ба чунин навъи эҷодкорӣ андешида, ҳатман асаре боқӣ гузорад.

Хуллас, новобаста ба машғала, тахассус, одату завқҳои дошта, ҳар нафар метавонад аз чунин шеваи истифодабарии вақти холӣ бурд намояд. Зеро дар раванди ҳамаи ин фаъолиятҳои таҳлилӣ, тадқиқотӣ ва омӯзишии таҷрибаовар шахс худашро инкишоф медиҳад. Хусусан ҷомеаи тоҷикистонӣ, ки дар Осиёи Марказӣ яке аз камфаъолтарин мардуми эҷодкор шинохта мешавад, бояд чангашро таконида, барои пешрафти фарҳанг ва забони миллӣ саҳм гузорад. Бинобар ин, баъд аз хонда шудани ин матн, илтимос, новобаста ба он, ки Шумо донишҷӯед, бекорхӯҷаед, мутахассисед, муҷаррадед ва ё зани хонашину марди оиладоред, барои боз ҳам рангинтару маъно бахшидани ҳаёти хеш, завқ, ихтисос ва машғалаи доштаатонро ба сатҳи баъдӣ рушд дода, муҳитро илҳом бахшед.

Бедил қарнҳо пеш чунин ҳолати мардуми шарқро пешгӯӣ кардааст, ки фармуд:

Мавҷем, ки осудагии мо адами мост,

Мо зинда аз онем, ки ором надорем.

– Навиди Иқбол


Зинда аз онем, ки…-1

5 тавсия ба қаламкашони навроҳ аз Ҷорҷ Оруэлл

Ҳазар аз одамони «заҳролуд»!

Advertisements

2 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s