Китобхониро саҳл нагиред!

“Хонае, ки холӣ аз китоб аст, ҳамчун бадани холӣ аз рӯҳ мебошад”, гуфтааст Тситсерон. Муҳаққиқон бар онанд, ки ин ибора натанҳо ба рӯҳияи инсон, балки ҷиҳати молиявии ӯро низ метавонад таъсири манфӣ расонад. Иқтисодшиносони италиявӣ маълум намудаанд, ки мутолиаи китоб дар хурдсолӣ ва муваффақияти сармоядорӣ дар калонсолӣ бо ҳам мутаносибанд.

Се иқтисодшиноси Донишгоҳи Падуи Италия миёни 6 000 нафар дар нӯҳ кишвари гуногуни аврупоӣ таҳқиқоти иҷтимоӣ гузарониданд. Зимни таҳқиқот онҳо ба чунин хулосае расиданд: “шахсони аз синни хурдсолӣ, ки ба теъдоди зиёди китоб дастрасӣ ва имкони бештари мутолиа кардани онро доранд, нисбат ба нафароне, ки дар хурдсолӣ камтар китоб мехонанд ва ё тамоман намехонанд, дар ҷодаи сармоягузорӣ ва ба даст овардани даромади зиёди молиявӣ муваффақтаранд”.

Муҳаққиқон вазъи иҷтимоии Аврупоро аз соли 1920 то 1956 таҳқиқ намуданд, ки дар ин солҳо минтақаи мазкур дар пайи ислоҳоти соҳаи маориф қарор дошт. Азбаски Ҷангҳои якуму дуюми ҷаҳонӣ соҳаи маорифи Аврупоро таъсири манфӣ расониданд, барои баланд бардоштани сатҳи таълим дар таҳсили умумимактабӣ, як соли хониши иловагӣ ворид карда шуд. Муҳаққиқон қайд мекунанд, ки чунин қарор сатҳи даромаднокиро дар тӯли ҳаёти инсон 9% афзоиш додааст. Ҳамчунин маълум гашт, кӯдаконе, ки дар он замон камтар ва ё ҳеҷ китоб нахондаанд, сатҳи даромаднокии ҳаётияшон танҳо 5% афзоиш ёфтаасту халос. Ҳол он ки сатҳи даромаднокии кӯдакони китобхон дар тӯли ҳаёташон то 21% баланд шудааст.

Сабаби чунин падидаро асабшиноси британиявӣ Сюзан Гринфилд ингуна шарҳ медиҳад: “Майнаи сари кӯдакро ҷуз китоб ва адабиёти бадеӣ чизи дигар наметавонад беҳтар ва бештар инкишоф диҳад. Ҳар гуна қисса ва ё матни адабӣ дорои сюжети муайян аст, ки он даромад, равиши муайян, кулминатсия ва хулосаро доро аст. Дар ин раванд майнаи сари хонанда барои тасаввур кардани матни хондашуда қувва сарф карда онро як навъе дар хаёл ҷоннок мекунад”. Ҳангоми мутолиаи китоб фикрронӣ, сатҳи шуурнокӣ ва қобилияти тахайюлпардозии кӯдак инкишоф меёбад. Хонанда худ дарк накарда, ба таври мунтазам ҳар сюжети матнро дар майнаи сар зинда карда, механизми онро ба кор медарорад. Чунин ҳолат заминаи эҷодкорӣ ва пайдо намудани ҳалли мантиқӣ ва солимро оид ба ин ё он мушкилот мегузорад, ки дар ҳаёти мустақилона чунин малака ва донишҳои муҳим барои ҳар фарди ҷомеа лозиманд. Бояд гуфт, ки китоб ба рафтор ва гуфтори хонанда таъсири мусбат мебахшад. Зеро дар вақти мутолиа хонанда образҳои мусбату манфиро аз ҳамдигар ҷудо намуда, хислатҳои беҳтарини онҳоро ба худ интихоб мекунад.

Аз ин ҷо бармеояд, ки ҷараёни китобхонӣ кӯдакро танҳо аз маълумотҳои дар он мавҷудбуда огоҳ намесозад. Илова ба он, дар ӯ ҷиҳатҳои қавии ақли одамиро ҳамчун тафаккур, мантиқ, шуур, тахайюл, раванди интихоб, ирода ва ғайраро рушд медиҳад. Аз ин рӯ, китобхониро бо чашми кам надида, чӣ дар мактаб ва чӣ дар хона муҳити лозимаро барои кӯдакон фароҳам бояд овард. Чунин як меърос фарзандро дар ҳақиқат хушбахт хоҳад кард.

– Навиди Иқбол


Чӣ навъ китобҳоро бояд хонем?

Рӯйхати хониши адабиёти бачагонаро аз назар гузаронем

Шарҳи мухтасари вазъи ҷомеаи тоҷикистонӣ

3 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s