Чӣ тавр одати китобхониро касб намоям?-1

Китоб хондан ва одати китобхонӣ доштан падидаҳои куллан аз ҳам фарқкунанда мебошанд. Ҳарчанд инсон ҳаваси китобхонӣ дошта бошад ҳам, вале касб кардани одати китобхонӣ ба монанди тамринҳои давомноки варзишӣ кӯшиши зиёдро талаб мекунад.

Аксарият орзу доранд, то ки одати китобхонӣ дошта бошанд. Аммо ҷилд-ҷилд китобҳои дар раф қарордошта инсонро ба ваҳм андохта, алангаи хоҳишро дар ӯ мекушанд. Баъзан, “ҳарчӣ бошад матлабҳои зиёди хабарӣ ва ҳар матни дар сомонаҳои интернетӣ писандидаро мехонам-ку гуфта, худро тасалло мебахшем ва ҳамин тавр гӯё аз хониш баҳравар гаштанамонро дарак медиҳем. Ҳол он ки чунин одати хабархониву интернетнишинӣ бо одати хониши мунтазам ҳеҷ рабте надорад. Бнинобар омор дар Аврупо аз 100 нафар 21 кас одати давомноки китобхониро доштааст. Ҳарчанд то имрӯз дар Тоҷикистон чунин тадқиқот гузаронида нашудааст, вале агар ҳадди ақал ин нишондод аз 100 нафар 10 касро ташкил диҳад, умед аз мавҷудияти заминаи ҷомеаи фарҳангӣ то ҳол вуҷуд дорад. Новобаста ба омор ва вазъи китобхонии ҷомеаи тоҷикистонӣ, хостем якқатор тавсияҳои барои нафарони китобдӯст ва онҳое, ки мехоҳанд чунин одати хуби самарабахшро касб кунанд, дарҷ намоем:

1. Чӣ навъ китобҳоро хондан мехоҳед: Аввалан бояд рӯйхати китобҳоеро тартиб дод, ки хониши жанр ва ё нависандаи он бароятон завқовар аст. Аксар китобхонҳо роман, детектив ва ё хониши ҳикояҳои кӯтоҳро дӯст медоранд. Дигарон майли бештар ба хониши навъи китобҳои равоншиносӣ, ҷомеашиносӣ, фалсафа, диншиносӣ ва ё китобҳои касбиву мотиватсионӣ доранд. Вале агар то ҳол барои худ жанри дилписандро интихоб накарда бошед, бо китобхоне машварат карда, доир ба завқ ва машғалаҳоятон бо ӯ сӯҳбат кунед. Чунин шахс метавонад бионбар завқи шумо китоби хуберо барои хониш тавсия намояд. Дар мадди аввал китоберо интихоб кунед, ки хонишаш равону қулай бошад ва ҳаҷмаш 200 саҳифаро нагузарад.

2. Бо худ доим китоб дошта бошед: Вақти мувофиқи китобхонӣ барои ҳама гуногун буда метавонад. Касе мехоҳад пагоҳии рӯз китоб хонад ва дигарӣ бегоҳӣ пас аз анҷоми машғалаҳои рӯзмарра. Ҳамчунин баъзе дӯст медоранд, ки ҳангоми ба кор ва ё дарс рафтан дар дохили нақлиёт китоб хонанд. Азбаски завқи китобхонӣ бо вақти муайян маҳдуд нест, хуб мешавад, ки ҳамроҳ доим китоб гардонед. Аз он ки ҳангоми сафар ва ё дар ҷое интизорӣ кашида бекор нишинед, бо хониш машғул шуда, худро дар оламҳои гуногуни адабиву хаёлӣ ва ё саргарми афзоиши малакаҳои касбиву башарӣ пайдо кунед.

3. Доир ба китобхонӣ маслиҳат пурсед: Чӣ тавре дар боло зикр гардид, аз ашхоси китобхони ботаҷриба доир ба китобҳои мехондаатон маслиҳат пурсед. Чун завқҳо гуногунанд, баъзан як нафар то андозае ки аз китобе хуш мекунад, дигариро ҳаяҷон намебахшад. Хусусан аъзои гурӯҳҳои китобхонӣ шудан, метавонад раванди китобхониро рангинтар созад. Чунин гурӯҳҳоро метавон дар фазои сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ ҳам пайдо намуд. Ҳамчунин шумо метавонед аъзои китобхонаҳои маҳаллӣ шуда, дар доираи ҳамон муассисаҳо чунин гурӯҳҳои китобхониро ташкил намоед.

4. Китобҳои электронӣ: Ҳоло ки дар қарни технологӣ қарор дорем, китобҳо низ ба олами рақамӣ аллакай роҳ ёфтаанд. Баъзан баҳонаи шахс чунин буда ҳам метавонад, ки китоби лозимаашро дар шакли чопӣ пайдо карда наметавонад. Аз ин рӯ худро дар масофаи дур аз китобхонӣ медорад. Имрӯзҳо ҳамагон дар даст аз қабили телефонҳои мобилӣ, планшетҳову компютерҳо ҷиҳозҳои электронӣ доранд, ки имкони хониши китобҳои электрониро медиҳанд. Дар фазои интернетӣ аллакай китоби дилхоҳро дар шакли рақамӣ ҳам ройгон ва ҳам бар ивази маблағи начандон гарон пайдо кардан мумкин аст. Ҷиҳозҳои электронии хос барои китобхонӣ истеҳсолшуда, аз қабили Kindle, Sony Reader, Kobo ва ғайра метавонанд одати китобхониро дар шахс тақвият диҳанд. Маҳз интихоби ба ин монанд ҷиҳозҳо диққати касро сирф ба хониш тамаркуз намуда, боиси ба осонӣ касб намудани одати китобхонӣ мегарданд.

5. Китобҳои савтӣ: Онҳое, ки мухлиси хониши осори классикӣ ҳастанд, дар мадди аввал метавонанд асарҳои дилписандашонро савтӣ гӯш кунанд. Зеро бештари китобҳои нависандагони классикӣ аллакай дар шакли савтӣ мавҷуданд. Аз чунин имкон ҳамагон метавонанад ба осонӣ истифода баранд. Хусусан барои онҳое, ки дар нақлиёт барояшон китобхонӣ душвор аст, шакли савтии китобро тариқи ҷиҳози электронӣ ва ё магнитафони мошин ҳангоми роҳ рафтан ва сафар кардан гӯш кунанд. Вале набояд ба ин усули “хониш” авлавият дода, одати аслии китобхонии доимиро тарк кард. Афсӯс, ки классикони адабиёти тоҷик то ҳол ба олами савтӣ-рақамӣ роҳ наёфтаанд. Эҳтимол аз ин ҷост, ки ҷавонон ба хониши осори гузаштагон завқ ва майле надоранд.

(давом дорад)


Ҷомеа бе китоб буда метавонад?

Калиди мушкилкушо – фарҳанг!

Зинда аз онем, ки…-1

3 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s