Чӣ тавр одати китобхониро касб намоям?-2

6. Ширкат дар гурӯҳҳои китобхонӣ: Агар имкон бошад, пас ҳатман дар гурӯҳҳои китобхонӣ, ки доим бо ҳам омада китобҳои хондаашонро мутолиа мекунанад, ширкат намоед. Ва ё нафарони ҳамзавқу гуногунандешро пайдо намуда, гурӯҳи китобхонии худро ташкил намоед. Дар чунин гурӯҳҳо аввалан аз мутолиаи китобҳои даркашон сабуктар оғоз намуда, қадам ба қадам барои мутолиаи осори душворфаҳм гузаред. Чунин гурӯҳҳои китобхонӣ касро илҳом бахшида, ҳаёти инсонро ба низом медароранд. Ҳамчунин раванди мубодилаи афкор касро малакаи зиёди касбиву ҳаётӣ медиҳад.

7. Барои китобхонӣ вақти муайян ҷудо кунед: Агар дар давоми рӯз барои китобхонӣ вақти муайян ҷудо накунед, одати доимии китобхониро дар худ тарбия дода наметавонед. Аксари онҳое, ки мегӯянд барои китобхонӣ вақти холӣ надоранд, ашхоси беинтизом мебошанд. Чӣ тавре ки идора ва танзими сармоя дониш талаб мекунад, танзими вақт низ маърифати лозимаро мехоҳад. Чунин “китобхонҳои серкор” сараввал бояд доир ба танзими вақт адабиёти лозимаро варақ зананд. Танзими вақт танзими ҳаёт аст. Ва шахсе, ки ҳаёташро ба танзим медарорад, барои афзудани дониши мавҷудааш, барои китобхонӣ ҳатман вақти лозимаро пайдо мекунад.

8. Маъракаҳои китобхонӣ ташкил намоед: Дар вақти таътилҳои зимистонаву тобистона дар маъракаҳои китобхонӣ иштирок кунед ва ё ҳатман чунин маъракаро ташкил намоед. Чунин маъракаҳои китобхониро метавон ҳамроҳи рафиқон ва ё афроди оила ташкил намуд. Ду-се рӯз берун аз шаҳр баромада, замони сайру гашти табиатро бо китобхонӣ зери гумбади кабуд омезиш дода, шабона дар назди оташи афрӯхта зери чашмакзании ситораҳо маводи дар давоми рӯз хондашударо мутолиа кунед. Ташкили чунин лагерҳои китобхонӣ барои талабагони макатабхон ва донишҷӯён ҳам муфид хоҳад буд. Агар имкони аз шаҳр берун баромадан набошад, дар ҳар маҳаллае боғҳои ҷамъиятӣ ва маконҳои обдори сояафкани истироҳатӣ мавҷуданд, ки дар он ҷо метавон бо ҳаловат ғӯттаи китобхонӣ шуд. Дар ҳаво сард бошад, муҳити ҷолиби китобхониро дар ҳавлии худ ва ё ҳавлии рафиқону хешовандон ҳам фароҳам овардан мумкин аст. Ҳамчунин бо садорат ва намояндагони шаҳрдории ҷойи истиқомат машварат намуда, барои ташкили чунин маъракаҳои китобхонӣ дастгирии онҳоро метавон хоҳиш намуд. Ташкили чунин маърака барои мақомоти маҳаллӣ ҳам қулайтар ва ҳам лозимтар. Зеро шаҳрванди бофарҳангу соҳибшуур дастёри сардор ва раисони оқилу дурандеш мебошанд.

9. Дарсҳои тезхонии матн: Яке аз сабабҳои дигаре, ки одамон ба китобхонӣ завқ надоранд, ин сустхонӣ ва ё бо суръати ҷиддан оҳиста хондани китоб аст. Бинобар омор суръати миёнаи матнхонии мақбул ба 120-180 калима дар як дақиқа баробар аст. Бо дарсҳо ва тамринҳои махсуси тезхонӣ суръати мазкурро метавон то 2-3 маротиба зиёд намуда, дарки муҳтавои матни хондашударо васеътар кард. Аз ин рӯ хуб мешуд, ки дар нақшаи таълимии мактабҳои миёна дарсҳои махсуси омӯзиши тезхонии матн ҷорӣ карда шавад. Зеро дида мешавад, ки имрӯз омӯзгорони ин муассисаҳои таълимӣ талабаро маҷбур мекунанд, ки китоб хонад. Вале агар талаба малакаи тезхонии матнро баланд бардорад, вай аз хониш завқ гирифта, ҳоҷат ба маҷбур карданаш намемонад. Илова ба ин марказҳои таълимиву забономӯзӣ низ атрофи ҷорӣ намудани курсҳои тезхонии матн ҷиддӣ андеша кунанд. Ин ба муассисаи онҳо даромади иловагиро дода метавонад. Чунин курсҳои тезхонии матн дар аксар кишварҳои мутараққӣ солҳои тӯлонӣ боз ба роҳ монда шудаанд. Вале аз чӣ сабаб аст, ки ворисони мардони абарқудрат, ки роҳи башариятро бо осори хеш ба самти рушди илмӣ-маънавӣ роҳбалад шудаанд, дар ин ҷода ҷаҳд надоранд. Мо доим иброз медорем, ки Ҳофиз дорему Берунӣ дорему дигару дигар, вале чанде аз “зиёиён”-и муосир ақаллан аз хониши осори онҳо баҳравар гашта, болои гуфтаву навиштаҳои онҳо тафаккур карда, дониши нав ба миён гузоштаанд? Бе шак, чунин насли олуфтаи заифҳиммат мероси фарҳангӣ-илмии худро соҳибӣ карда наметавонад ва худи он абарқудратон аз “наберагон”-и китоббезор безоранд. Муддати омӯзиши чунин курсҳои махсуси тезхонӣ ҳамагӣ 5-6 моҳро талаб мекунанд, вале метавонанд умри 50-60-соларо пурфайзу бобаракат гардонанд. Ҳамчунин барои баланд бардоштани малакаи тезхонӣ китоб ва осори зиёд мавҷуд аст, ки ҳар нафар метавонад аз онҳо мустақилона истифод барад. Аз ин рӯ сараввал бояд хоҳиш ва иродаи қавӣ дошта бошед.

10. Театр, филмҳои ҳунарӣ-бадеӣ ва китобхонӣ: Баъзеҳо китобхони танбал бошанд ҳам, вале тамошокунии филмро дӯст медоранд. Аксар сенарияҳои филмҳои олисифат ҳатман аз китобе ба навор гирифта шудаанд. Барои ҳамин қабл аз он ки филмеро тамошо кунед, сараввал китобашро хонед. Бигзор мукофоти китобхониятон тамошои филми ҳунарияш шавад. Хусусан филмҳое, ки аз рӯйи китобҳои нависандагони классикӣ ба навор гирифта мешаванд, хониши китобҳояшон завқовар хоҳад буд. Мактаббачагонро низ метавон бо усули зайл ба китобхонӣ одат кард. Қабл аз он ки кӯдак ба ягон намоиши театрӣ ва ё филми ҳунарӣ ё бадеӣ равад, хониши китобашро шарт гузоред. Ва ҳатман баъд аз хониши китобу тамошои саҳнаи театрӣ ва ё филм асарро бо ӯ мутолиа намоед, ки то куҷо наворбардорон ва ё саҳнагузорон барои акси муҳтаво ва мазмуни китоб муваффақ шудаанд. Баъзан чунин ҳам буда метавонад, ки сюжети филм ва ё саҳнаи театрӣ беҳтар аз худи асар ба миён гузошта мешавад.

11. Қайду тавзеҳот доир ба китоби хондашуда: Робитаи хешро бо китоби мехондаатон боз ҳам қавитар созед. Аз он ки китобро хонда, баъд ба як кунҷи раф партоед, беҳтар мешавад, ки ҳангоми хониш сатрҳову лаҳзаҳои бароятон маъқулро дар дафтарчаи қайдҳо сабт намоед. Ва ё дар ҳошияи китоб доир ба сатр ва ё фикри муаллиф шарҳи худро навишта, баъдан онро ба дафтаратон рӯбардор кунед. Ҳатто баъд аз итмоми хониши китоб доир ба асар фикру мулоҳизаҳои хешро васеътар навишта, дар блоги шахсӣ ва ё саҳифаи сомонаҳои иҷтимоӣ барои хониш ва ҳамчун тавсия ба дигарон дастрас намоед. Агар имкон бошад, ҳатман бо муаллифи асар ба тамос баромада, ӯро доир ба таассурот ва бардошт аз китоби хондашуда хабардор намоед.

– Навиди Иқбол


Чӣ тавр одати китобхониро касб намоям?-1

Китобхониро саҳл нагиред!

Ивазёбиро аз нафси хеш оғоз бикун!

Advertisements

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s