Рӯзе қарор додам, ки берун аз сомонаи иҷтимоии Facebook бо истифода аз ҳамон меъёрҳои ошнопайдокунии сомона ба худ дӯст пайдо кунам.
Аз ин рӯ ҳар рӯз ба кӯча баромада ба роҳгузарон доир ба хӯрокҳои имрӯз хӯрдаам, ҳоло худро чӣ гуна ҳис мекунам, шаби гузашта бо чӣ кор машғул будам, шаби меомада чӣ кор мекунам қисса мекардам.
Ба онҳо аксу суратҳои афроди оила, сагчаву гурбачаам, акси рӯбу чини хона, боғдориву обчакориям, сурати чӣ гуна мошин ронданаму ҳамроҳи рафиқонам чӣ навъ хӯрок ва дар куҷо онҳоро тановул мекунем, умуман аксу сурати тамоми он машғалаҳои рӯзмарраеро, ки ҳама ба ҷой меоранд, нишон додам.
Дар баробари ин, бо роҳгузарон сӯҳбат карда, қиссаҳои онҳоро низ мешунидам. Ва ҳар вақте қиссаи кардаашон писандам меомад, ангушти калонамро боло ишора карда, мегуфтам, ки шумо ба ман маъқулед.
Чунин амалу рафторам дар сари кӯча монанди фазои Facebook-ӣ натиҷа дод. Ҳоло чор нафар маро пайгирӣ мекунанд: ду милиса, раиси маҳалла ва равоншинос.
2 Comments Add yours