Бо оғози фасли сармо организми иснон ба витаминҳо, хусусан витамини D ва Омега-3 зарурати бештар ҳис мекунад. Ин аз он ҷиҳат аст, ки миқдори витаминҳо дар организм камтар мешавад. Аломатҳои пастшавии витаминҳо дар организмро бошад, эҳсос ва мушоҳида карда метавонем. Барои мисол, хушкшавии пӯсти бадан, пастшавии иммунитет, пайдоиши ҳар намуди илтиҳобҳо дар бадан, вайроншавии додугирифти ғизо байни ҳуҷайраҳо… нишонаҳои кам гардидани витамин дар вуҷуди мост.
Равғани моҳӣ ё (Омега-3) ғизои нерӯбахшест, ки дар таркиби худ витаминҳои A, D, E дорад. Равғани моҳӣ дар шакли капсула ё моеъ мавҷуд аст. Истеъмоли ин равған дар рафти хӯрокхӯрӣ таъсири бештар дорад. Фоидаи равғани моҳиро баъд аз санҷишҳо мутахассион муайян кардаанд. Он ҳолати умумӣ ва нармии пӯстро муътадил карда пӯстро аз хушкшавӣ эмин медорад. Хунро тунук ва гардиши онро дар организм фаъол мекунад. Фишори хунро ҳам муътадил мегардонад. Инчунин, давомнок истифода бурдани равғани моҳӣ афсурдаҳолии шахсро (депрессия) коҳиш дода, хатари пайдошавии бемориҳои сактаи дил ва фаромӯшхотириро (альцгеймер) аз байн мебарад.
– таҳияи Ҷабборов Далер
Шӯрбои мурғӣ бо лиму давои зуком аст
4 Comments Add yours