Озод аз рукуди зеҳнӣ бошед!

Китоб: “Гибкое сознание”

Муаллиф: Кэрол Дуэк

Нашриёт: Манн, Иванов и Фербер, соли 2013

Теъдоди саҳифа: 389

Забони китоб: русӣ


Кэрол Дуэк омӯзгори Донишгоҳи Стенфорди ИМА, равоншинос ва мутахассиси рушди малакаҳои созанда дар калонсолону хурдсолон мебошад. Монографияи илмии ӯ аз ҷониби Федератсияи маорифи ҷаҳонӣ ҳамчун китоби сол шинохта шудааст. Дар китоби “Гибкое сознание” Кэрол Дуэк хулосабарориҳои таҷрибаи беш аз бистсолаи хешро ҷамъ оварда, барои доираи васеи хонандагон забони соҳаи равоншиносиро осонфаҳм гардонидааст. Асар доир ба омилҳои муҳим, ки ба рушди зеҳнӣ-маънавии шахс ва баланд бардоштани малакаи ӯ мусоидат мекунанд, таҳқиқот гузаронидааст.

– Барои чӣ танҳо соҳиби ақли расо ва малакаи баланд будан гувоҳи муваффақият шуда наметавонанд?

– Чаро баракс сифатҳои мазкур монеаи рушди шахсӣ мегарданд?

– Чӣ тавр самаранокии менеджер ва  раванди таълиму тарбияи кӯдакро беҳтар гардонид?

Китоби “Гибкое сознание” ба ин гуна саволҳои рӯзмарра посухҳои созанда дода, боиси рушди шахсии ҳар нафар мегардад. Аксар вақт нафарони зиёди дорои “зеҳни шахшуда” аз он ки тавоноии ақлу малакаҳои хешро боз ҳам бештар инкишоф диҳанд, аз пайи ба атрофиён исбот намудани он, ки онҳо дорои ақли расову малакаи баланд ҳастанд, беҳуда вақт мегузаронанд. Илова ба ин онҳо иддао мекунанд, ки танҳо малака ва истеъдод ҳатман онҳоро муваффақ мекунад. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки онҳо ғалат мекунанд.

Вале нафароне, ки дорои “зеҳни зудбадал” ҳастанду ба ақлу малакаи доштаашон ғарра нашуда, аз пайи боз ҳам ба қуллаҳои ҷадид расидан кӯшиш мекунанд, дар ҳаёти хеш ҳатман муваффақ мешаванд. Чунин нигоҳ ва нақшаҳои қадам ба қадами созгор, дар фитрати онҳо муҳаббати доимии омӯзишро зинда дошта, нисбати шикасту душвориҳои зиндагонӣ обу тоб медиҳад. Ва агар ба ҳаёти нафарони муваффақтарини башарият назар кунед, ҳатман мебинед, ки ҳамаи онҳо каму беш аз ин сифат баҳравар буданд.

Зеҳни зудбадал касро илҳом бахшида, самаранокии касбӣ, иҷтимоӣ ва соҳавиро баланд мекунад. Чунин малака муносибатҳои инсониро ғанитар сохта, таҷрибаҳои нав ба нави ҳаётӣ мебахшад.

Хониши китоби “Гибкое сознание”-ро ба онҳое, ки дар самти рушди моддӣ-маънавӣ, баланд бардоштани самаранокии кор бо ҷомеа, ба омӯзгорон, мураббиёни соҳаи варзиш ва волидайни насли муваффақи истиқбол ҷаҳд мекунанд, тавсия карда мешавад.

– таҳияи Ҷабборов Далер


Ҳаёти созанда аз нақшаи рӯз оғоз меёбад

Роҳбалади нафарони қавиирода

Баъд аз 3-солагӣ аллакай дер мешавад!

6 Comments Add yours

  1. Китобдуст says:

    Салом. Чи тавр китобрр дастрас кард?

    Like

    1. ОФТОБ says:

      Эҳтимол, китобро аз дӯконҳои китобфурӯшии шаҳрӣ пайдо кардан мумкин аст…
      Дар фазои интернет шакли электронияш ҳам мавҷуд аст…

      Like

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s