Tеъдоди зиёди одамон аз сӯзиши меъда, ё ин ки зардаҷӯш шикоят мекунанд. Тадқиқот нишон додаанд, ки тайи 10 соли охир шикояти одамон аз ин мушкилии нороҳаткунанда қариб 50 дарсад афзудааст. Агар хоҳед, ки аз ин мушкилӣ ранҷ набаред, қаблан чораҷӯӣ намоед. Чунин чораҷӯиро дар муҳити хонагӣ низ ба ҷой овардан мумкин аст.
Зардаҷӯш дар сурати ба сурхрӯда баргаштани шираи меъда ба миён меояд. Шираи меъда деворчаҳои сурхрӯдаро озор медиҳад, ки дар натиҷа дар гулӯ сӯзиши нороҳаткунанда пайдо мешавад. Баргашти доимии шираи меъда ба сурхрӯда хатари гирифтор шудан бо бодхӯра, захми меъда ва ҳатто саратони меъдаро зиёд мекунад.
Чораи аввал ҳангоми зардаҷӯш шудан ин аст, ки ҳангоми хоб кардан болишти таги сарро баландтар гузоред. Ҳамин тавр баргашти шираи меъда манъ шуда, сӯзиш коҳиш меёбад. Занҷабили тару тоза ин мушкилиро дармон мебахшад. Занҷабилро ба таом илова кунед, ё бо чой бинӯшед. Он таъсири зиддиилтҳобӣ дорад, ки барои бемориҳои меъдаю рӯда муфид аст.
Аз ғизою нӯшокиҳои таҳриккунандаи зардаҷӯш камтар истеъмол кунед ё тамоман худдорӣ кунед. Дар баробари ғизо ба либосҳои худ низ диққат диҳед, зеро пӯшишҳои тангу нафасгир таъсири сӯзишро дучанд мекунанд.
Агар хоҳед, ки аз ин мушкилӣ ранҷ набаред, босуръат ва зиёд ғизо нахӯред. Кӯшиш кунед, то ки хӯрокро саросема нашуда нишаста тановул намоед. Баъд аз адои таомхӯрӣ дарҳол дар рахти хоб дароз накашед. Таомро ҳатман 2 соат қабл аз хоб кардан хӯред.
Баъд аз хӯрдани таом бо машқҳои ҷисмонӣ машғул нашавед, зеро машқҳо боиси баргаштани шираи меъда ба сурхрӯда мегарданд. То 2 соат баъд аз хӯрок хӯрдан аз иҷрои машқҳои ҷисмонӣ худдорӣ кунед.
Истеъмоли ширинбияи сиёҳ сӯзиши меъдаро коҳиш медиҳад. Ширинбия ҳамчунин дар табобати бемориҳои захми меъда, зардаҷӯш, қабз ва илтиҳоби роҳҳои системаи ҳозима истифода мешавад.
– таҳияи Достиев Неъмат
2 Comments Add yours