Ду аскари ҳамдеҳа болои теппаи баланде сӯҳбат мекарданд. Яке аз онҳо, ки бо дурбини дасташ паноҳгоҳи душманро назорат мекард, гуфт:
− Ҳамон хобатро бори дигар нақл кун. Шаби гузашта хобам бурд, хуб шунида натавонистам.
Аскари рафиқаш хобашро ҳадди ақал даҳ бори нақл карда бошад ҳам, эътироз накарда, ин бор ҳам ба нақл сар кард.
− Хоб дидам, ки шаҳид шудаам ва Худованд маро ба ҷаннат гузошта, панҷ ҳури биҳиштӣ низ додааст.
− Дӯстам, фикру хаёлат ба ҳурон банд аст? Боз якто ҳам не, панҷто… – луқма партофт рафиқи ҳамхизматаш.
Вале аскаре, ки хобро нақл мекард, ба шӯхиву истеҳзои рафиқаш эътибор надода, нақлашро идома дод. Вай аз оби чашмаҳои мусаффои ҷаннат, аз паёмбарони дар ҳоли суҳбат нишастаи канори он чашмаҳо, аз аҳволи он ҳамхизматонаш, ки пештар шаҳид шудаанд ва аз ҷузъиёти дигаре, ки дар хобаш дида буд, нақл кард.
Рафиқаш нақли ӯро то охир шунида, сипас пешниҳод кард:
− Биё, ту ҳамин хобатро ба ман бифурӯш.
− Хобро ҳам фурӯхта мешудааст? – бо табассум гуфт рафиқаш ва илова кард: − Ба фикрам, ҳурони биҳиштӣ ақлатро бурданд−а?
Аскари дигар гӯё шӯхии рафиқашро нашунида бошад, боз пешниҳод кард:
− Бар ивази хобат ҳар чӣ хоҳӣ медиҳам. Ҳатто ҳамин мӯзаҳоямро. Медонам, ки аз они ту ба поят танг аст, аз ман бошад мувофиқи поят.
Ҳамхизматон ба мувофиқа расиданд. Хоб ҳам соҳиби нав ёфту мӯза ҳам.
Рӯзи дигар ба волидони аскаре, ки хобро “харида” буд, хабар мерасад, ки фарзандашон дар муқовимат бо душман шаҳид шудааст. Мушаки душман дар назди ҳар ду рафиқ таркида, якеро беосеб мегузорад ва дигареро ба макони орзуҳояш мепайвандад. Вақте ки ӯро меёбанд, дасташ ишораи рақами панҷро доштааст…
– Башир Усмон, “Ҳадяи зиндагӣ“
Кутох бошад хам, бенихоят таъсирнок. Хамчу тамошои филме хиссиёте шуд.
LikeLike