Танзими вақт ва банақшагирӣ

Баъзан шикоят мекунем, ки “кореро дар вақташ ба анҷом расонида наметавонам”, “дар як шабонарӯз 24 соат барои ман кам аст!”, “ана, рӯз ҳам гузашт, вале ман ҳанӯз кореро ҳам ба итмом нарасонидам”. Мо гумон мекунем, ки мушкилотамон аз ҳад зиёд будани кори мекарда ё норасоии вақт аст. Вале мушкили аслии мо ин адами нақшагузорӣ аст. Танзим асоси ҳама кор аст. Агар мо дар раванди иҷрои кору фаъолиятҳои рӯзмарраамон танзими вақтро сарфи назар кунем, пас ҳатман бо мушкилии норасоии вақт рӯ ба рӯ мешавем.

Пеш аз ҳам ҳадафи асосии худро муайян кунед. Дар ҳаёт шумо бо чӣ кор машғул шудан мехоҳед? Барои чӣ зиндагӣ мекунед? Ҳадафҳои аввалиндараҷа, дуюмдараҷа ва ғайра кадомҳоянд? Мисол, роҳбари ширкат мехоҳад, ки ба даҳгонаи беҳтарин ширкатҳои минтақа шомил гардад; донишҷӯ мехоҳад имтиҳонҳояшро бо муваффақият супорад; зани хонашин мехоҳад модар ва ҳамсари фаъолу фоидабахш бошад; нафари бекор мехоҳад соҳиби кори дӯстдоштааш шавад ва ғайра.

Шикорчӣ бинобар аниқу возеҳ будани мақсадаш тирро бетараддуд ба ҳадаф мерасонад. Агар шикорчӣ оҳу шикор кунад, тири муносиб барои шикори оҳуро бо худ мегирад; агар мурғобӣ шикор кунад, тири муносибро интихоб мекунад. Ҳамин тавр шумо низ бинобар ҳадафи интихоб кардаатон ҳиммати лозимаро ба миён бояд гузоред. Ҳадаф ҳарчӣ калон бошад, ҳамон андоза меҳнати бештарро талаб мекунад. Сараввал корро бояд аз ҳадафи аввалиндараҷа шурӯъ кард. Бидуни ҳадафи асосӣ банақшагирии минбаъда бефоида аст. Ҳадафи асосӣ шуморо ба як самти муайян равона карда, эҳтимол, то охири умр бо кадом кор машғул шуданатонро аниқ мекунад.

Шикорчӣ қабл аз он ки ба шикори оҳу барояд, милтиқашро тоза карда месанҷад, харитаро кушода маҳалли шикорашро аз назар мегузаронад, нозукияти фасли сол ва обу ҳаворо ба назар гирифта, либоси муносиб мепӯшад. Ҳамин тавр инсон низ қабл аз ба сӯи ҳадаф қадам задан, бояд тамоми ҷанбаҳои ғояи ба нақшагирифташударо омӯзаду шиносад. Барои муваффақ шудан кас харитаи ҳаёташро пеши назар гузошта, рӯз ба рӯз, ҳафта ба ҳафта, моҳ ба моҳ ва сол ба сол ҳар қадами мегузоштаашро тарҳрезӣ кунад. Агар дар нақшагузорӣ ва танзими вақти хеш ҷиддӣ бошед, ҳар рӯзи атошударо дақиқа ба дақиқа тарҳрезӣ намоед.

Марк Твен боре гуфта буд, ки агар субҳро бо хӯрдани қурбоққа оғоз кунед, боқимондаи рӯз фавқулода хоҳад гузашт. Зеро бадтарин чиз барои имрӯз аллакай паси сар шуд. Шумо низ рӯзро бо хӯрдани “қурбоққа”‐и калонтарин сар кунед. Қурбоққаи шумо ҳамон кору вазифаҳои аввалиндараҷае мебошанд, ки дар давоми рӯз бояд ҳал кунед. Хӯрдани қурбоққа шабеҳи ҳалли кори аввалиндараҷаи мушкил аст. Ҳарчӣ тезтар “қурбоққа”-атонро хӯред, ҳамон андоза тезтар муваффақ мегардед. Дар давоми рӯз 80%-и қувваи кориатонро ба кору машғалаҳои аввалиндараҷа равона кунед. Боқимонда 20%-и қувваатонро барои кору амалҳои дуюмдараҷаву сеюмдараҷа ҷудо кунед.

Нақшаҳо дар баробари аввалиндараҷаву дуюмдараҷа ҳамчунин нақшаҳои кӯтоҳмуддату дарозмуддат шуда метавонанд. Донишҷӯ аз рӯзи аввали дохил шудан ба муассисаи таълимӣ на кам аз чор-панҷ солашро дар ҳамон даргоҳ мегузаронад. Аз ин рӯ донишҷӯ дар баробари нақшаи кӯтоҳмуддати рӯзмарраву ҳафтаинаву моҳона, ҳамчунин нақшаи дарозмуддати солона бояд тартиб диҳад. Дар соли аввали донишҷӯӣ барои такмили малака ва донишҳои соҳаи омӯзиш чӣ малакаву донишҳои иловагӣ омӯхта метавонад. Дар соли дуюм, соли сеюм, чорум… Ин навъ нақшагузории ҳаёти донишҷӯӣ умури зиндагонии толибилмро ба низом дароварда, ҳадафгузорӣ ва ба ҳадафи пешгузошташуда қадам ба қадам муваффақ шуданро меомӯзонад. Баъд аз хатми донишгоҳ чунин нафар аллакай ҳамчун фарди созанда ва мустақили ҷомеа ба нафъи ҷамъият кӯшиш мекунад. Ҳамин тавр ҳар нафар дар мисоли донишҷӯ метавонад кору фаъолияти рӯзмарраашро танзим намояд.

Танзими вақт калиди ба нақша даровардани ҳаёт аст. Дар навбати худ чунин тадбирсозӣ сабаби муваффақият аст. Новобаста ба он ки шумо дар давоми рӯз бо чӣ корҳо машғулед – хизматчии давлатӣ, донишҷӯ, роҳбари ширкати шахсӣ ё хонашину мактабхон ҳастед, ҳар қадам ва рӯзи худро самарабахш гузаронед. Офаридгор касеву чизеро бемаврид ва холӣ аз ҳикмат наофаридааст, пас офаридашудагон низ набояд ҳар сонияву дақиқаи ҳаёташонро беҳадаф гузаронанд.

– таҳияи Достиев Неъмат


Ҳаёти созанда аз нақшаи рӯз оғоз меёбад

Ҳазар аз одамони «заҳролуд»!

Шахси муваффақ соҳиби одатҳои муваффақ аст!

2 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s