Муассисаи таълимӣ бояд ба раванди рушди психологӣ ва ҷисмонии толибилм арҷ гузорад-1

Таълим ва тарбияи насли наврас масъалаи умдатарин дар назди кулли давлатҳои соҳибфарҳангу соҳибирода ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, соҳаи маориф яке аз соҳаҳои муҳим ва ҳаётбахши ҷомеа аст. Маорифе, ки имрӯзҳо дар бунияаш ислоҳоти ҷиддиро талаб мекунад. Мактабҳои муосири бо усул ва методикаи дарсдиҳии кӯҳна ҳоло ҷавобгӯи даврон нестанд. Зеро аксари малакаҳои ҳаётиро, ба монанди касби маърифат ва арзишҳои маънавӣ, ҳар амалу рафторро бинобар машварат ба ҷой овардан, эҷодкориву ҳисси кунҷкобӣ, соҳиби фикру андешаи худ будану дар он фикр қоим мондан, озодфикриву озодии баёнро арҷ гузоштан ва ғайраро кӯдак берун аз мактаб меомӯзад. Кӯдакон рӯзҳои аввали мактабияшонро бо ҳаяҷону шавқи зиёд оғоз мекунанд, аммо баъд аз гузашти солҳо аз он ҳаяҷону шавқи илмомӯзӣ, ҳисси кунҷкобиву мароқи зиёди шинохти коинот асаре боқӣ намемонад. Дар ҳоле ки кӯдак зиёд ташнаи донишомӯзӣ аст, усули таълим ӯро қонеъ карда наметавонад. Мактабе, ки кӯдакро танҳо маълумот медиҳаду ӯро фаҳму идрок намебахшад, ҷомеаро ба вартаи ҷаҳолат боз ҳам наздиктар мекунад.

Соҳаи маорифи олам ҳамчун ченаки муваффақият низоми PISA-ро ба инобат гирифта, кишварҳо усули таълиму тарбияи хешро бинобар он шакл медиҳанд. Вазирони маорифи кишварҳои мутараққӣ бинобар рейтинги PISA миёни ҳам ба монанди варзишгарон қувваозмоӣ мекунанд. Низоми PISA як навъ низоми тестие мебошад, ки ҳар се сол як маротиба миёни хонандагони ба синни 15-солагӣ расида, дар кишварҳои гуногун гузаронида мешавад. Теъдоди кишварҳои ба низоми мазкур шомилгашта дар соли 2012 ба 65 адад расида буд. Соли 2009 ҳавзаи Шанхай аввалин бор дар низоми тестии PISA иштирок намуда, дар ҳар се фан – математика, хониш, фаҳнои табиӣ-илмӣ мақоми аввалро ба даст меорад. Соли 2012 ҳавзаи Шанхай бори дигар мақоми аввалро ишғол намуда, мамлакатҳои ғарбиро ҷиддан ба ташвиш меорад. Ҳарчанд чунин дастовардҳои пайиҳами усули таълими мактабҳои шанхайӣ оламиёнро ба ҳайрат меорад, аммо худи ҳукумати ин сарзамин онро муқаррарӣ қабул намуда, баръакс кумитаи дахлдори давлати Чин мехоҳад аз ширкат дар низоми тестии PISA даст кашад. Сабаби ин қарорро соли 2012 яке аз мақомдорони чинӣ Йи Хоукин чунин шарҳ медиҳад: “Гарчанде мо аз чунин натиҷаи сатҳи таълими соҳаи маорифи кишварамон хушнуд ҳастем, бояд қайд кард, ки барои муваффақ шудан дар низоми тестии PISA кофӣ аст, ки фанҳои мазкурро якнавъ ‘қорӣ-азёд кард’. Ҳол он ки соҳаи маорифи кишварамон чунин ҳадафро ба нақша надорад. Шанхай ба мактабҳои #1 ниёз надорад. Мо ба мактабҳое ниёз дорем, ки бинобар усули таълими санҷидашуда асос ёфтаанду, ба принсипҳои инкишофи психологӣ ва ҷисмонии хонандагон арҷ гузошта, ҳамин тариқ ба рушди шахсии онҳо дар тӯли ҳаёт замина мегузоранд”. Шуур ва идроки кишварҳое, ки дорои соҳаи маорифи муваффақ ҳастанд ва ё дар ҳақиқат ба умқи масъалаи таълиму тарбия расидаанд, ҳадафҳои дарозмуддатро ба миён гузошта, насли оянда ва заминаи миллати қавииродаро бунёд мекунанд. Онҳо бо калимаҳои муболиғасифати “беҳтарин”, “муваффақтарин”, “калонтарин” ва ғайра ғарра нашуда, қадамҳои лозимаро дар ин самт масъулиятшиносона устувор мегузоранд.

Кишварҳои зиёди олам таҷрибаҳои гуногуни ғайримуқаррариро дар соҳаи маориф мехоҳанд ба кор баранд. Зеро мутахассисон ва педагогони соҳа бар он назаранд, ки усули имрӯзаи таълим аз он, ки кӯдакро ба ҳаёти мустақилонаи пурсамар тайёр намояд, ӯро ба ноумедиву шикастаҳолӣ “роҳбаладӣ” мекунад. Насли наврас бинобар завқ ва истеъдод машғалаи ҳаётияшро бояд интихоб кунад. Ҳамин тавр, баъзе аз коршиносон иддао доранд, ки лозим аст аз усули “тамоми синф бояд як мавзуъро омӯзад” даст кашид. Танзими синфҳо бинобар синну сол нею, бояд бинобар малака ва суръати илмомӯзии хонандагон тақсимбандӣ шавад. Талабагони синф ба гурӯҳҳо панҷ-шашнафарӣ тақсим шуда, ҳамин тавр дарс омӯзанд.

Коршиносон ба ин назаранд, ки мактаб ӯҳдадор аст заминаи дониши аввалия ва асосии талабаро мустаҳкам кунад. Усули таълими суннатӣ – танҳо омӯзгор дарс мегӯяду талаба гӯш мекунад, ки ҳоло дар мактабҳо роиҷ аст, бояд аз байн равад. Бигзор талаба ҳам дарс гӯяд, зеро барои кӯдак аз худ кардани дониши дар натиҷаи таҳлил ва таҳқиқи шахсӣ ба даст овардашуда, осонтару завқовартар хоҳад буд. Вақто талабагон бинобар савияи донишомӯзӣ ва завқ ба гурӯҳҳои муайян ҷудо мешаванд, таълиму тадриси онҳо ва ҳамчунин кашфи завқу малакаҳои шахсии ҳар як талаба барои омӯзгор осонтар мегардад. Мисол, агар яке аз талабагон дар соҳаи илмҳои дақиқ малакаи беҳтар дошта бошад, бигзор дар гурӯҳи мувофиқ таҳсилашро давом диҳад. Ҳамин тавр ҳар як талаба бинобар завқ ва малакаи инфиродияш таълим гирифта, ҷараёни дарсомӯзиро барои худ завқовартару рангинтар месозад.

(давом дорад)


Мактаб

Дар мактаб муваффақ набуданд, вале…

Рӯйхати хониши адабиёти бачагонаро аз назар гузаронем

3 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s