Нӯшидани оби тоза бӯи даҳонро бартараф мекунад

Шумо ба саломатии дандонҳо ва хӯроки истеъмолкардаатон диққат мекунед, вале аз бӯи даҳон халос шуда наметавонед. Илоҷи ин мушкил зуд-зуд нӯшидани об мебошад.

Фишорбаландӣ, камхунӣ, диабети қанд барин бемориҳо оби даҳонро кам мекунанд. Кам шудани оби даҳон боиси зиёд шудани бӯи даҳон мегардад. Бинобар ин зуд-зуд нӯшидани об хушкии даҳонро бартараф карда, бӯи даҳонро аз байн мебарад. Чунин одати солим ҳазми хӯрокро низ осон мекунад.

Барои ҳазми 1 калорияи ғизо 1-1,5 мл об нӯшидан лозим меояд. Масалан, агар шахс дар давоми рӯз 1500 калория ғизо истеъмол кунад, пас ӯро лозим меояд 1,5-2 литр об нӯшад. Барои муайян кардани сатҳи моеъи кофӣ дар бадан, ҳангоми пешоб кардан ба ранги он диққат диҳед. Барои нафари калонсол дар давоми рӯз 6-7 маротиба бо ранги зарди равшан пешоб кардан, нишона аз кифоягии об дар бадан аст. Ҳарчӣ ранги пешоб зарди баланду тира бошад, нишона аз камистеъмолии оби тоза аст.

Пеш аз хоб кардан ва пас аз хоб хестан ҳатман об нӯшед. Оби тозаро дар шароити хуб нигоҳ доред. Беҳтарин шакли нигоҳдории об шишаҳои тираранг мебошанд. Чой ва қаҳва обро иваз карда наметавонад, баракс пешобро зиёд карда, оби баданро кам мекунанд. Агар нӯшидани об ба шумо лаззат намебахшида бошад, ба он бодринг, торчин ва ё лиму илова намоед.

Ҳамчунин бояд қайд кард, ки истеъмоли нӯшокиҳои алкоголӣ, сигоркашиву носкашӣ боиси зарар дидани саломатии даҳон, дандон ва забону гулӯ мегарданд. Ҳамин тавр дар ковокии даҳон ва гулӯ яраҳо пайдо мешаванд, ки сабаби бӯи бади даҳон шуда метавонанд.

Саломат бошед!

–таҳияи Саид Муъмин


Агар тамоми рӯз танҳо об нӯшед

Саломатии дандон муҳим аст!

Нос – бадбӯӣ ё кайфияти замона?

5 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s