Муассисаи таълимӣ бояд ба раванди рушди психологӣ ва ҷисмонии толибилм арҷ гузорад-2

Яке аз вазифаҳои муҳими дигари мактаб ва соҳаи маориф дар умум, ин тариқи китобхонӣ бедор кардани шавқи донишомӯзӣ дар кӯдак аст. Агар мақсад танҳо шиносонидани ному насаби шоиру нависандагони адабиёти классикӣ ва муосир бошад, пас мактаб дар шакли ҳозирааш “муваффақ” аст. Не, агар мақсад дар баробари шиносонидани таълимот ва афкори шоиру нависандагон, дар мисоли онҳо боз ҳам баландтар бардоштани шуур ва ҳисси масъулиятшиносӣ, иснсондӯстӣ ва ҳифзи муҳиту табиат бошад, пас рӯйхати шоиру нависандагон аз фанни адабиёт бояд аз назар гузаронида шаваду ба он номҳои якқатор олиму мутафаккирон илова карда шаванд. Зеро шахс бештари китобҳои шавқоварро берун аз хониши синфӣ азхуд мекунад. Ва қариб, ки дар овони мактабхонияш нисбати омӯзиши адабиёти классикӣ ҳеҷ мароқе зоҳир намекунад. Барои боз ҳам бештар гардонидани шавқи китобхонӣ дар талабагон барномаҳои махсус роҳандозӣ шаванд. Чунин барномарезӣ дар тӯли ҳаёти фарди ҷомеа заминаи хониши китобҳои лозимаро бинобар завқи доштааш муайян мекунад.

Ин ҷо болои китобхонӣ, аниқтараш бо суръат хондани китоб бояд бештар истод. Аввалин таълими усули босуръатхонии китоб ва ё матн соли 1925 дар Донишгоҳи Сиракюси ИМА оғоз мегардад ва аллакай имрӯзҳо анқариб дар тамоми кишварҳои олам усули мазкур ба хоҳишмандон омӯзонида мешавад. Суръати миёнаи китобхони доимӣ 150-180 калима дар як дақиқаро ташкил медиҳад. Аммо усули мазкур метавонад суръати китобхонии шахсро ҳадди ақал то 1500-2500 клаима дар як дақиқа зиёд кунад. Бинобар “Китоби Гинесс” рекорди хониши босуръат бо ҳарфҳои сирилик дар ҳоли ҳозир 60 000 калима дар як дақиқаро ташкил медиҳад. Гуфта мешавад рекорди ғайрирасмӣ баробар ба 416 250 калима дар як дақиқа аст. Бояд зикр кард, ки хониши босуръат ба инкишофи фаҳмиши амиқ ва дарки томи матни хондашуда бештар мусоидат мекунад. Одатан, як саҳифаи китоби муқаррарӣ иборат аз 200-250 калима аст. Агар ин рақамро ба 250-300 саҳифаи китоб зарб занем, он метавонад 60 000 калимаро ташкил кунад. Тасаввур кунед, ки агар инсон ақаллан дар як дақиқа 2500 калима хонад, пас ба хониши як китоб дар 20 дақиқа муяссар мешавад. Дуруст аст, ки баъзе малакаҳо ваҳбӣ буда метавонанд. Аз ин рӯ чунин нафар барои дар як дақиқа беш аз 100-200 ҳазор калима хондан ҳам муваффақ мешавад. Вале мисоли онҳое, ки суръати хонишашонро дар натиҷаи машқу кӯшишҳои зиёд баланд бардоштаанд, кам нест. Касби чунин малакаи босуръатхонии матн барои ҳар шахс дастрас аст. Хуб мешуд, ки агар дар Тоҷикистон низ Марказҳои таълимии забономӯзӣ курсҳои босуръатхонии китобро ворид мекраданд. Зеро бинобар таҷрибаи чунин марказҳо мактабҳои миёна низ метавонанд дар доираи клубу фаъолиятҳои иловагии мактабӣ омӯзиши босуръатхониро ба роҳ монанд. Ва ҳатто зарур аст, ки Вазорати маорифи кишвар дарсҳои босуръатхонии китоб ва матнро дар методикаи таълимӣ ҷорӣ намояд.

Чӣ тавре зикр гардид, усули таълими имрӯзаи мактабҳо аллакай кӯҳна ҳастанду барои хонанда шавқовар нестанд. Хусусан фанни адабиёт, ки иборат аз ҳаёти рангин ва илму маърифати зиёд аст, барои хонандагон ҷолиб нест. Фанни адабиёт ва китоб солҳои зиёд боз дар набарди завқҳо қувваозмоиро ба телевизиону интернет бохтааст. Бо сабаби ин ду падидаи мазкур насли наврас торафт аз ҳамдигар дур мешаванд. Одоби муошират миёни инсонҳо коста гашта, сол аз сол ба ҳамдигар бегона мегардем. Ҳол он ки метавон телевизион ва интернетро мувофиқи барномаи таълимӣ дар раванди таҳсил бомуваффақият иситифода бурд. Ҳамин тавр хонанда аз ҷараёни таълим завқ гирифта, уфуқи ҷаҳонбинияшро васеътар мегардонад. Мактаб ва ҷараёни дарсомӯзиву донишомӯзӣ метавонад ва бояд барои хонандагон шавқовару ҷолиб бошад. Вагарна мактаб бо усули таълими кунунӣ малакаи кунҷкобӣ, донишомӯзӣ, таҳқиқу таҳлил ва мароқро дар хонанда “кушта”, тамоми соҳаҳои ҳаётбахши ҷомеаро абтар мекунад.

– Навиди Иқбол


Муассисаи таълимӣ бояд ба принсипҳои рушди психологӣ ва ҷисмонии толибилм арҷ гузорад-1

Мактуб аз мудири мактаб

Чӣ тавр одати китобхониро касб намоям?-1

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s