Агар саг ҳамла кунад

Ҳамарӯза вақте ба кӯча мебароем, бо сагони хонагӣ ё дайду рӯ ба рӯ мешавем. Баъзе аз онҳо оромсиришт бошанд ҳам, вале баъзеяш метавонад ба инсон ҳамла карда бигазад. Аз ин рӯ хостем бинобар тавсияи коршиносон ва кинологҳо (мутахассиси сагпарварӣ) як қатор маълумотро арзи хонандагон гардонем.


Ором бошед!

Ҳарчанд дар рӯ ба рӯи саги бадҳайбати ак-ак кардаистода ҳифзи оромӣ душвор аст, вале кӯшиш кунед сараввал ором бошед. Дод назанед ва ба тарафи саг бо дасту поятон ҳаракати зиёдатӣ накунед. Саг ба осонӣ “бӯй”-и тарси шуморо мегирад. Ваҳму талоши зиёдатӣ сагро барои ҳамла кардан таҳрик дода метавонад.

Қадамзаниятонро оҳиста кунед

Агар ҳангоми дав саг дар ростои роҳатон пайдо шавад, дарҳол суръати ҳаракатро оҳиста кунед. Самти ҳарактро иваз карда, оромона қадамзаниро давом диҳед. Ҳангоми оромона қадам задан, бо нигоҳи паҳлӯӣ ба саг назар кунед.

Ҳамчунин шумо метавонед ҳаракатро ба пуррагӣ бас карда, дастонатонро бинобар қади бадан рост поён фароред. Ҳамин тавр барои саг камтар ҷолиб мешавед.

Ба чашми саг нигоҳ накунед

Тамоси биноӣ метавонад сагро нороҳат кунад. Саг нигоҳро ҳамчун хатар ба ҷони худ пазируфта, кӯшиш мекунад, ки аввал шуда ба шумо ҳамла кунад. Дар чунин ҳолат сагро дар миқёси биноӣ дошта, сӯяш бо нигоҳи паҳлӯӣ назар кунед. Саг чунин амали шуморо бехатар пазируфта, аз он макон меравад.

Диққати сагро мушавваш кунед

Вақто рӯ ба рӯи саг истода, ҳис мекунед, ки вай ҳамла мекунад, диққаташро ба чизи дигар равона созед. Ҳарчизе дар даст доред ва ё барои мушавваш кардани диққати саг метавонад хизмат кунад, сӯяш партоед. Пойафзол, ҷузвадон, сарпӯш ва дигар ашёе, ки саг хоида метавонад. Вақте саг овораи ашёи партофтаатон мешавад, оромона аз он макон дур шуда, ҷон ба саломат баред!

Ба саг амри “Фу!” ё “Ист!”-ро диҳед

Агар саг ором нашуда, боз ҳам бештар хашинвор рафтор кунад, рӯятонро ба сӯяш гардонеду ҳамзамон бо нигоҳи паҳлӯӣ назар карда, амр кунед, ки аз наздатон дур шавад. Муҳим аст, ки дар ин миён амр бетараддуд, бурро ва далерона садо диҳад. Ҳаргиз ба монанди дод ё фарёд садо надиҳад. Одатан аксари сагҳо бо амри “Стоп!” ё “Фу!” шиносанд. Аз ин рӯ амри мазкурро натарсида талаффуз кунед. Саг қувватро ҳис карда, метарсад ва дарҳол ба ақиб меравад.

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s