Дар вилояти Чхаттисгархи Ҳиндустон дар деҳаи Амбикапур мактабест, ки усули пардохти маблағи таҳсилро ғайриодӣ ба роҳ мондааст. Бар ивази пардохти маблағи таҳсил волидайн бояд ҳамроҳи фарзанд ҳадди ақал як дарахт шинонида, то ба камол расидан онро нигоҳубин кунанд. Агар рафту дарахт хушк шуд, бар ивази он бояд дарахти нав шинонанд.
Чунин ташаббус аз тарафи яке аз тоҷирони маҳаллӣ пешниҳод шуда, барои оилаҳое равона карда шудааст, ки имкони пардохти маблағи таҳсилро надоранд. Ҳамчунин ҳадаф аз танҳо таълими ройгон набуда, балки таблиғи ҳифзи табиат барои насли оянда мебошад.
Айни ҳол дар мактаб 35 хонандаи синну солашон аз 4 то 5-сола таҳасил мекунанд. Ба ин васила тӯли чанд соли охир зиёда аз 700 дарахт парвариш карда шуд.
Сокинони деҳа аз чунин ибтикор хушнуд гардида, қайд мекунанд: “Умедвор ҳастем, ки аз чунин шакли таълим деҳаҳои ҳамсоя низ ибрат мегиранд. Зеро вазифаи мактаби ҳақиқӣ ҳам ин аст!”
– таҳияи Саид Муъмин
Фарзандам аз ҳад зиёд ба худ фурӯбаста аст, чӣ кор кунам?
One Comment Add yours