Кӯдакони ангуштмак солимтаранд

Системаи иммунии кӯдаконе, ки аз хурдӣ ангушт мемаканду нохун мегазанд, нисбат ба кӯдакони дигар қавитар аст.

Бинобар таҳқиқоте, ки дар Зеландияи Нав гузаронида шуд, кӯдакони ангуштмак ва нохунгаз бо сабаби чунин одаташон нисбат ба дигарон бештар гирифтори микроб ва бактерия мегарданд. Аз ин лиҳоз системаи иммунии онҳо бештар бо ҳаргуна бактерия ва микробҳо доду гирифт намуда, онҳоро мешиносад ва алайҳи онҳо дар оянда ҳам чораҷӯиҳои лозимаро ба роҳ мемонад.

Дар доираи таҳқиқот коршиносон ҳазор нафар кӯдакони нохунгаз ва ангуштмакро аз синни 5-солагӣ зери назорат қарор доданд. Ҳамин тавр маълум гашт, ки вақто ин кӯдакон ба синни 13-солагӣ расиданд, бунияи онҳо нисбат ба бунияи дигар кӯдаконе, ки чунин одатро надоранд, қавитар ва нисбати ҳар гуна аллергияҳо тобовартар аст. Ҳамчунин маълум гашт, ки чунин кӯдакон ба чанги хона, гурба ва саг барин ҳайвоноти хонагӣ аллергия надоранд.

Дар ин миён бояд қайд кард, ки одати нохунгазӣ ва макидани ангуштони ифлос метавонад бемориҳои дигарро низ ба миён орад. Аз ин рӯ беҳтар мешавад, ки нисбат ба беҳдошти кӯдак (гигена) боэътино бошед.


Монеаҳои рушди солими кӯдакро аз байн бардоред!

Агар саг рӯю даҳонатонро мелесида бошад

Пойафзоли пошнабаланд ва саломатии инсон

3 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s