Пирамард зарфҳои вазнинро базӯр бардошта, аз миёни чодарҳое, ки барои зарардидагони заминларза омода шуда буданд, мегузашт ва бо овози баланд фарёд мекашид:
– Шииииир! Марҳамат, ба дӯстрӯякони ширхӯр шиииииир! Марҳамат, шиииииир!
Пирамард ҳанӯз даъваташро тамом накарда буд, ки нафаре аз даруни яке аз чодарҳо бо ғазаб берун шуда, сарзаниш кард:
– Ақлатро хӯрдаӣ, магар? Мо ин ҷо бо мурдаҳову захмиҳо овораем, ту бошӣ дар андешаи пул кор кардан ҳастӣ?
Аз шунидани ин гапҳо чашмони пирамард ғарқи об шуда, буғз дар гулӯяш гиреҳ хӯрд. Вай дар ҳоле ки мегирист, базӯр илова кард:
– Ман дар ин заминларза чор набераи кӯчакамро аз даст додам. Хостам шири мехӯрдаи онҳоро ба кӯдакони дигар тақсим кунам. Магар хато кардам?!
Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, ки “ҳеҷ аз ёдамон намеравад, чӣ тавр баъди сухани пирамард он мард ӯро ба оғӯш гирифта, бо овози баланд гиря мекард…”
– Башир Усмон, “Ҳадяи зиндагӣ“
3 Comments Add yours