Фоидаҳои ҷаъфарӣ

Таркиби ғании ҷаъфарӣ (петрушка), ки қариб дар тамоми навъи хӯрокҳо ва хӯришҳо истифода мешавад, олимонро ба ҳайрат овардааст.

Доруи табиӣ барои тарс, изтироб ва афсурдагӣ, муҳофизат аз фарбеҳӣ, тозагии хун ва сарчашмаи ҷавонӣ, фаъолкунандаи қувваи мардон, танзимкунии ҳайзи занон, мустаҳкам намудани системаи масунияти кӯдакон, бо хусусияти антисептикӣ, муҳофизати бадан аз микробҳо, табобати захм ва аз ҳама муҳимаш пешгирӣ аз саратон мшбошад.

Натанҳо барг, балки реша ва тухми ҷаъфарӣ низ шифобахш буда, аз витамин ва минералҳо бой аст. Дар таркиби худ ин растанӣ витаминҳои A, B1, B3, C, E, оҳан, калсий, магний, калий, фосфор, манган, натрий, мис, сулфур, хлорофил ва равғанро доро мебошад.

Ба вуҷуд қувват бахшида, кори пешоб ва талхаро хуб ба роҳ мемонад, Инчунин гузариши ҳайзи занонро осон мегардонад. Аз касалиҳои зуком, шамолхӯрӣ ва табларза ҳифз мекунад. Қанди хунро муътадил нигоҳ дошта, аз касалии саратон муҳофизат мекунад. Моддаҳои заҳролудро берун карда, аз тарбод ва зардпарвин ҳифз менамояд. Хунро тоза карда, системаи асабро ором мекунад.

Инчунин ба бемориҳои санги гурда, фишори хун, фарбеҳӣ ва  бемориҳои ҷигар фоидаи зиёд дорад. Барои инкишофи кӯдакони заиф хеле муфид мебошад. Табибон истеъмоли ҷаъфариро пеш аз хоб кардан тавсия медиҳанд. Ҳангоми дилбеҳузурӣ ва кӯтоҳнафасӣ хоидани ҷаъфарӣ гоидабахш хоҳад буд. Ҳамзамон модаронро камшир мекунад.

Ба мӯйи сар қувват бахшида, рехтани онро пешгирӣ мекунад. Ҳатто решаи ҷаъфариро пас аз тоза кардан дар хӯроку хӯришҳо истеъмол кардан мумкин аст. Бӯи нофорами даҳонро низ аз байн бурда, нури чашмро қувват мебахшад.

Ҷаъфарӣ тавассути роҳҳои пешобдон намаки ҷамъшуда ва санги гурдаро аз бадан хориҷ мекунад. Бояд қайд кард, ки меъёри истеъмоли ҷаъфариро бояд риоя намуд, вагарна истеъмоли барзиёд он баракс зарар ҳам расонида метавонад. Шахсоне ки, бо сабаби сармохӯрӣ варами гурда доранд, аз ҷаъфарӣ набояд истеъмол кунанд. Меъёри шабонарӯзии ҷаъфарӯ барои калонсол 60 гр шарбати он аст.

Диққат: Истеъмоли ҷаъфарӣ барои занони ҳомиладор қатъиян манъ аст. Эҳтимоли қатъи ҳомиладорӣ мавҷуд аст.

– таҳияи Саид Муъмин


Шӯрбои мурғӣ бо лиму давои зуком аст

Фоидаҳои равғани чормағз

Фоидаҳои равғани моҳӣ

Advertisements

4 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s