Ҳафт муъҷизаи қуръонӣ: ХУРМО

Номи хурмо дар Қуръони Карим ба ҳайси мева ва ё дарахти он 20 маротиба зикр мегардад. “Бо сабаби об (барои) шумо кишт ва дарахтони зайтун ва хурмову токи ангур ва ҳар гуна меваҳоро мерӯёнад. Ҳамоно, дар ин барои гурӯҳе, ки тафаккур мекунанд, нишонае ҳаст” (сураи Наҳл, 11).

Ҳамин тавр дар ояҳои зайл низ доир ба ҳикмат ва фоидаҳои меваи хурмо дар Қуръони Карим гуфта мешавад: Бақара, 266; Раъд, 4; Марям, 23, 25; Анъом, 99, 141; Раҳмон, 11, 68; Наҳл, 67; Исро, 91; Каҳф, 32; Тоҳо, 71; Муъминун, 19; Шуаро, 148; Ё Син, 34; Қоф, 10; Қамар, 20; Ҳоққа, 7; Абаса, 29.

Ҳадиси шарифи набавӣ оид ба хурмо: “Аҷва (навъи меваи хурмо), яке аз меваҳои ҷаннат аст. Он шифоест барои заҳролудшавӣ” (Тирмизӣ, тиб). “Ҳар пагоҳӣ ҳини гушна будани меъда хурмо тановул намоед, зеро он кирми рӯдаро мекушад” (“Канз-ул-уммол”).

Хурмо боиси нумӯ ёфтани ҷисм ва зеҳни одам мегардад. Хастагии зеҳнӣ-ақлониро аз байн мебарад. Дар баробари ҳам ғизои ҷисмонӣ ва ҳам ғизои ақлонӣ будан, бунияи инсонро аз сирояти бемории саратон ҳифз мекунад. Шири модарро зиёд карда, онро бо ғизо, протеин ва витаминҳои барои кӯдак ва модар лозима фаровон мекунад. Барои модарони навтаваллудкарда тановули хурмо ба таври ҳатмӣ тавсия карда шудааст.

Ҳамчунин хурмо давои дарди гулӯ аст. Боиси рафъи бемориҳои бронхит, сурфазанӣ ва сармо мегардад. Барои устухон ва буғумҳои устухон фоидаовар аст.

Хурмо барои тағзияи бадани одамӣ миёни тамоми меваҳои дигар яке аз муфидтаринҳо аст. Ҳар вақто ҳангоми гушна будани меъда тановул намоед, кирмҳои рӯдаро мекушад ва ё камтар мекунад.

Бояд қайд кард, ки ҳазм кардани шираи хурмо барои меъда каме вазнинӣ оварда метавонад, аммо он хунро дар бадан тоза мекунад. Аз ин рӯ тановули ками хурмо шифо асту тановули зиёди он ғизо мебошад. Тановули хурмои навъи аҷва барои шифо аз заҳролудшавӣ, хусусан барои заҳри хазанда ва ҳашаротҳои мизоҷи сарддошта фоидаовар аст.

Рушди тиб ва илми муосир башариятро имкон додааст, ки барои бадани инсон ҷиҳатҳои фоидабахш, сиҳҳатбахш ва зинда нигоҳдорандаи хурморо кашф намояд. Мутахассисон кашф кардаанд, ки хурмо даҳ намуд элементи барои ҷисми одамӣ муҳимро доро аст. Элемнетҳои мазкур узвҳои ҷисмро бо энергия ва гармии лозима таъмин намуда, барои ҳаракатнокии онҳо имкон мебахшад. Хурмо ҳазмкуниро осон гардонида, дар таркибаш шакаре мавҷуд аст, ки бадан онро безарар ба осонӣ азхуд мекунад.

Бояд таъкид кард, ки тибби муосир ба меваи хурмо ҳамчун яке аз ғизоҳои аввалӣ барои ҷисми одамӣ назар мекунад. Зеро хурмо элементҳои лозима, протеинҳо ва витаминҳоеро, ки ҳаёти солими ҷисмро таъмин мекунанд, доро аст. Коршиносони соҳа қайд мекунанд, азбаски хурмо тамоми элемнтҳои барои ҷисм лозимбударо соҳиб аст, инсон танҳо бо тановули хурмо ҳам метавонад ҳаёти солим дошта зиндагӣ намояд.


Садбарг ҳам шифо аст!

Анор

Каду манбаи саломатӣ аст

Advertisements

3 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s