Пешобро дошта натавонистани кӯдак

Дошта натавонистани пешобро дар тиб бемории энурез меноманд. Дар ҷомеаи мо бемории мазкур дар кӯдакон зиёд ба назар мерасад.

Бинобар таҳқиқи табибон писарон нисбат ба духтарон се маротиба зиёдтар гирифтори бемории энурез мебошанд. Тадқиқот нишон медиҳанд, ки тақрибан 50% кӯдакони аз 2,5-сола боло ва 89% кӯдакони аз 4-сола боло рӯзона пешобро дошта метавонанд. Шабона бошад 80% кӯдакони синну солашон аз 5-сола боло пешобашонро дошта метавонанд.

Сабабҳои гирифтор шудан ба бемории энурез чунинанд:

  бемориҳои равонӣ ва ирсӣ;

  кори номуътадили ҳароммағз ва ё мағзи сар;

  пурра инкишоф наёфтани системаи ихроҷи пешоб;

  зарари ҷиддии равонӣ ва ё ҷисмонӣ;

  ҷарроҳӣ;

  дарозмуддат истифода бурдани уребча (памперс);

  нобаробарии тавозуни об ва намак дар бадан;

  ҳангоми таваллуд осеб дидани торҳои мағзе, ки ба ихроҷи пешоб вобастаанд;

Тавсияи табибон барои волидони кӯдаконе, ки мушкилии чунин бемориро доранд, шабона аз истеъмоли нӯшокиҳои ширин ва меваҳои сероб канораҷуӣ кунанд.

Баъзе олимон бар он ақидаанд, ки дошта натавонистани пешоб ҳангоми хурдсолӣ табиӣ буда, ягон намуди беморӣ нест. Балки шабона ҳангоми дар ҷойгаҳи гарм хоб кардани кӯдак мушакҳо роҳат карда, масона низ осуда мешавад ва кӯдаки хоб пешобро дошта наметавонад.

Тавсияи равоншиносон ба волидон ин аст, ки дар чунин ҳолат бо қаҳру ғазаб кӯдакро сарзаниш накунанд. Зеро бе ин ҳам аз ҳолати мазкур ӯ хиҷолат мекашад. Хусусан дар назди дигарон ин нуқси кӯдакро ба забон наоред. Шояд ёд доред, ки ҳангоми хурдсолӣ дар маҳалла яке аз кӯдакон лақаби “сиҷинг” дошт ва худро байни ҳамсабақонаш нороҳат ҳис мекард. Пеш аз ҳама кӯдак бояд боварӣ ҳосил намояд, ки волидайн ӯро маҳкум накарда, балки кӯмак мекунанд. Вагарна тарс ва шарм ба кӯдак осеби равонӣ мерасонад, ки  баъд аз ба синни калонсолӣ расидан ҳам талафоташ ғайриимкон мегардад.

– таҳияи Саид Муъмин


Кӯдакони ангуштмак солимтаранд

Чаро кӯдакон дуздӣ мекунанд?

Равшанфикрии кӯдак аз модар аст

Advertisements

2 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s