Ҳафт муъҷизаи қуръонӣ: АНҶИР

Анҷир ҳам мева аст ва ҳам дору. Азбаски табиати меваи анҷир латиф ва яке аз меваҳои дӯстдортарин мебошад, тановул ва ҳазмкунии он барои меъда осон аст. Дар баробари ин балғамро коҳиш медиҳад, боиси тоза гаштани ҷигар мегардад, ҷамъ шудани санг дар масонаро пешгирӣ менамояд, синус ва рагҳои хунгарди ҷигар ва сипурзро кушода мекунад.

Олимон қайд мекунанд, ки тановули меваи анҷир бӯйи нохуши даҳонро аз байн мебарад, мӯйи сарро дароз мекунад ва боиси пешгирии бемории фалаҷ мешавад. Ҳамчунин исбот шудааст, ки анҷир барои раҳоии рӯда аз моддаҳои токсикӣ (моддаҳои заҳрнок) хизмат менамояд. Онҳоеро, ки гирифтори бемории қанд ҳастанд, барои пешгирии ногаҳон баланд шудани савияи қанд дар хун фоидаовар хоҳад буд.

Солҳои охир дар натиҷаи таҷрубаҳои тиббӣ олимон ба хулосае расиданд, ки меваи анҷир ҳамчун моддаи антикансерогенӣ нақши муҳимро бозида метавонад. Чунин хусусияти антикансерогенӣ дар моддаи махсуси таркиби анҷир бо номи бензалдегид кашф шудааст. Таъсири моддаи бензалдегид дар 57 нафар гирифторони беморони саратон озмоиш карда шуд. Ҳамин тавр 19 нафари онҳо бо тамом шифо ёфта, 10 нафарашон қисман шифои комил ёфтаанд. Ҳамчунин дар саломатии 10 нафар озмоишшудагон беҳбудии назаррасе мушоҳида шудааст.

Бояд қайд кард, ки агар шири анҷири хом болои озах молида шавад, бо гузашти замон озах хурдтар гашта, ҳатто пурра нест мешавад. Гуфта мешавад, меваи анҷир барои сулфа ва дарди сари давомнок, дарди буғумҳои бадан, сахтии гардан, сина ва гулӯ фоидаовар аст. Ҳамчунин барои тоза шудани ҷигар ва сипурз муассир аст. Анҷир меъдаро аз балғам пок мекунад.

Агар анҷирро дар об ва ё шир ҷӯшонида тановул кунед, боиси пешгирии бемориҳои гул ва сурхча мегардад. Аксар вақт тағйирҳои ногаҳонии обу ҳаво боиси шамолхӯрии шахс мегардад. Дар чунин маврид тановули анҷир ва ғарғара намудани оби анҷир фоидаовар аст. Ҳамчунин ҳангоми дарди комҳои дандон ва яраҳои даҳон ғарғара намудани оби анҷир муфид хоҳад буд.

Бояд илова намуд, ки анҷир барои занони ҳомила ва модарони ширмакон ҳам фоидаи зиёд дорад. Хусусан барои занони дар чунин ҳол қарорбуда, ки гирифтори дарди шикаму буғумҳои дасту пой ва ё бемории ниқрис (варам кардани зону, оринҷ, ангушти калони даст ва пой) ҳастанд, шифобахш буда метавонад. Ҳамчунин анҷир барои суръат бахшидани давраи шифоёбӣ ва тезтар пазонидани пучак ва ё думмал таъсирбахш мебошад.


Ҳафт муъҷизаи қуръонӣ: ХУРМО

Фоидаҳои ҷаъфарӣ

Каду манбаи саломатӣ аст

Advertisements

2 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s