Қаҳти риҷол ва “онҳо”

Қаҳти риҷол ибораест, ки ҳоло яке аз мушкилоти ҷомеаи тоҷикистониро метавон бо он ифода кард. Норасоӣ ва тарбия наёфтани афроди соҳибмалака, нафарони аҳли кор, коргарон ва мақомдорони мутахассис дар соҳаҳои гуногун ва муҳими ҷомеа мисоли возеҳи қаҳти риҷол аст. Чунин қаҳтии мутахассисон метавонад дилхоҳ ҷомеаро ба буҳрони ахлоқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва равонӣ дучор созад.

Набудани мураббии кордон дар боғчаҳои кӯдакона, аллакай метавонад ба заминаи ташаккули шахсияти созандаву солим зарба занад. Норасоии омӯзгорону муаллимони соҳибмаърифату доно ишқу муҳаббати илмомӯзии хонандаи мактаби миёнаро абтар карда, дар овони донишҷӯӣ касро бапуррагӣ беуфуқ ва холӣ аз ҳадафу орзуҳои ҳаётӣ созад. Қадам ба қадам анбӯҳи мазкур ҷомеаеро ташаккул медиҳанд, ки худсаронаву бешуурона дар пайи наҷоти истиқболи кишвар “кӯшиш мекунанд”. Дар баробари ин механизми ҳаётии соҳаи маориф карахт мегардад.

Дар мақоли халқӣ гуфта мешавад, ки ба дасти ниммуллову нимдухтур наафт, зеро дар дасти муллои чаласавод аз имон ва духтури нимкола аз ҷон мемонӣ. Дониши сатҳии ирфонӣ на рӯҳониро ва на мусулмони муқаррариро шафоат мекунад. Чунин анбӯҳи камсавод ба осонӣ луқмаи афроди ифротиву ҷинояткорон мешаванд. Агар Кумитаи дин миёни намозгузорони “панҷвақта” ва “ҷумъахонон” назарсанҷие гузаронида пурсон шавад, ки чанд нафар адабиёт оид ба фиқҳи исломӣ хондаанду бинобар меъёрҳои шаръӣ ибодатҳояшонро ба ҷой меоранд, бовар дорам, ҳатто 10%-и мусулмонҳои тоҷикистонӣ аз меъёр ва шаклу усули дурусти ба ҷой овардани ибодатҳои рӯзмарраашон огоҳ нестанд. Ин ҳама аз қаҳти риҷоли соҳавӣ сар мезанад, ки мардумро аз имони тақлидӣ ба сӯйи имони таҳқиқӣ иршод карда наметавонанд. Бе шак, тарбия ёфтани муршидони ҳақиқӣ ва рушди институти дин дар кишвар, садди пайвастшавии шаҳрвандон ба гурӯҳҳои ифротӣ-террористӣ мегардад.

Ҳамчунин адами маърифати оиладорӣ, ки бинобар ғафлати арзишҳои маънавӣ ба миён меояд, аз саодати ҳаёти оилавӣ низ касро мононда метавонад. Мувофиқи маълумоти оморӣ соли 2015 аз 77020 ақди никоҳи ба қайд гирифташуда 8356 он бекор шудааст. Яъне дар ҷомеаи тоҷикистонӣ, ки қарнҳо боз ба вуҷуди институти оила арҷ гузошта, онро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз мекард, ҳоло аз ҳар 10 ҷуфти оиладоршуда на кам аз 1-2 ҷуфт аз ҳам ҷудо мешаванд. Яке аз сабабҳои чунин падидаи нохушро коршиносон дар он медонанд, ки ҷуфти оиладормешуда хеле ҷавонанд ва аз санъати оиладорӣ бехабаранд. Илова ба ин фарзандони осемасари бе ҳимояи падар ва ё бе шафқати модар ба воя расидаистода масъаларо печидатар месозанд. Чун мавзӯи мураккаб аст, оид ба ин масъала танҳо ҳамин қадарро зикр карда, барои пайгирии оянда мегузорем.

Бе шубҳа, низоми давлатӣ болои соҳаи маориф, тандурустӣ, иқтисод, ҳуқуқ, мудофияву амният пойдор аст. Тамоми ин сохторҳо ба нафарони соҳибмалака ва мутахассис эҳтиёҷ доранд. Гарчанде бунёди фабрикаву заводҳо донишу малакаи махсусро талаб мекунанд, вале тарбияи як ҷомеа аз он ҳам дида душвортар аст. Сармоягузорӣ ба таълиму тарбияи фарди ҷомеа меҳнат ва замони зиёдро талаб мекунад. Соҳибкор ва сармоягузори оқил маблағгузории асосиро дар ҳамин самт ба роҳ мемонад. Азбаски тарбияи фарди ҷомеа дар муддати кӯтоҳ самараашро намедиҳад, на ҳар кас дилу гурда карда дар ин ҷода қадам мезанад. Дар ин самт сабру дониши кофӣ лозим аст. Вале ҳар кӣ ҷаҳд кард, абадан бурд хоҳад кард.

Баъд аз вафоти Расули акрам (с.а.в.) ҷамоати мусулмонон пароканда нашуда, тариқи райъпурсӣ машварат гузаронида, Ҳазрати Абӯбакрро (р.а.) барои худ роҳбар (халифа) интихоб мекунанд. Ҳамин тавр баъд аз вафоти халифаи аввал халифаи сонӣ Ҳазрати Умар (р.а.) интихоб мешавад. Дар замони хилофати Ҳазрати Умар, то ҳатто шайтон аз гузари ӯ роҳ намерафт. Дари фитна маҳкам баста шуда буд. Таърих гувоҳ аст, ки дар замони роҳбарияти ин ду марди абарқудрат, ҷомеаи муслимин иттифоқ буданду дар пайи расонидани каломи ҳақ ба ҷаҳониён ҷаҳд мекарданд. Вале дар замони Ҳазрати Усмон (р.а.) иттифоқ ва ҳузури ҷомеа то рафт заиф гашта, дар давраи хилофати Ҳазрати Алӣ (р.а.) он ба тамомият аз байн меравад. Рӯзе аз Ҳазрати Алӣ мепурсанд:

– Эй Алӣ, барои чӣ дар замони халифаҳои қаблӣ ҳузур ҳувайдо буду дар замони ту ҳама ҷойро фитнаву бесомонӣ фаро гирифт?

Посухи Ҳазрати Алӣ на танҳо он марди пурсанда, балки инсони имрӯзаро низ бояд ба тафаккур водор кунад:

– Дар замони онҳо мо будем, вале дар замони мо онҳо нестанд!

Бале, афроди тамаддунсоз “онҳо” мебошанд. Аз он ки ҳар рӯз аз сатҳи дониш, фикрронӣ ва фарҳанги либоспӯшиву мушкилоти иқтисодӣ дар кишвар шикоят кунем, беҳтар мешавад, ки ҷаҳду қувватро дар самти тарбияи “онҳо” сарф намоем. Зеро дар натиҷаи аз байн бурдани қаҳти риҷол мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ худ аз худ ҳалли худро пайдо мекунанд.

– Мавлон Ниёзӣ


Муассисаи таълимӣ бояд ба раванди рушди психологӣ ва ҷисмонии толибилм арҷ гузорад-1

Соҳиби бозор

 Аз мақомат даст кашида, харбонӣ бикун!

2 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s