– Аз ду амал парҳез кунед: “зиёд хӯрок хӯрдан ва зиёд гап задан”.
– Ҳар кӣ дар дунё иззат хоҳад, забонашро соҳибӣ кунад; шоҳидӣ накунад; имом нашавад; ҳар ҷое зиёфатест, наравад.
– Сабр ин аст, ки Худовандро ба бандаҳояш шикоят накунӣ.
– Ҳар кӣ аз пайи шӯҳрати дунё аст, лаззати охиратро начашад.
– Ҳар кӣ дӯстдори шӯҳрат аст, аз Худованд наметарсад.
– Ҳар киро мадҳ хуш ояд, аҳмақ аст.
– Ҳар кӣ бо бадон шишту хез кунад, дар бораи хубон бадгумонӣ мекунад.
– Дирӯз мурд, фардо ҳоло таваллуд нашуд, имрӯз бошад дар дами марг аст. Ту қадри алъон бидон!
Бузургони олами маънавиёт: Ҳабиби Аҷамӣ-1
Бузургони олами маънавиёт: Маъруфи Кархӣ-1
Advertisements
5 Comments Add yours