Занбӯри асал дар тӯли ҳаёт барои ҷамъ кардани гарди гул ҳазорҳо километр сафар карда, ҳазорҳо гулҳоро зиёрат мекунад. Аҷибаш ин аст, вай бе қутбнамо бинобар гардиши офтоб самти ҳаракаташро муайян карда, ҳамаи ин амалҳоро ба ҷой меорад. Илова ба ин аз гарди ҷамъ кардааш асал тайёр карда, асали тайёркардаашро бо эҳтимоми зиёд дар кандуҳои геометрӣ, ки мисли муҳандиси кордон бо ҳисобҳои нозук ва дақиқ бунёд кардааст, ҷой мекунад.
Чӣ тавре ба ҳамагон маълум аст, кӯршабпаракон кӯр мебошанд. Онҳо самти ҳаракаташонро бинобар мавҷҳои махсусе, ки ихроҷ мекунанду он мавҷ боз акс дода бармегардад, муайян мекунанд. Ҳамин тавр онҳо ба ҳеҷ як ҷисм барнахӯрда парвоз мекунанд. Бояд қайд кард, ки ҷиҳози радар низ маҳз дар натиҷаи таҳқиқи ҳамин хусусияти шабпаракон эҷод карда шудааст.
Мормоҳӣ бештар дар ҳавзаи баҳри Миёназамин, Ҳиндустон ва Малайзия зиндагӣ мекунад, вале тамоми мормоҳиҳои дунё тухмҳояшонро танҳо дар қисмати ҷанубии ҷазираҳои Бермуда мемонанд. Вақто мормоҳичаҳо аз тухм мебароянд, аз ҳадаф хато нахӯрда ҳатман ба минтақаҳое шино карда мераванд, ки оилаҳояшон дар он ҷо маскунанд.