Дарозумрӣ ва хушбахтии волидайнро мехоҳед?

Ҳар қадаре ки инсон ба пиронсолӣ наздик мешавад, ҳамон андоза ба муносибатҳои оилавӣ низ ниёзи бештар пайдо мекунад. Вале акси ин ҳол, фарзандон ва наберагон аз муошират бо калонсолон канораҷӯӣ мекунанд.Мехоҳед волидони шумо умри дароз ва ҳаёти хушбахт дошта бошанд? Ин чандон мушкил нест!

Таҳқиқоти олимони Донишгоҳи Калифорния нишон доданд, ки дар танҳоӣ ба сар бурдани пиронсолон ба раванди пиршавӣ ва базудӣ аз ин олам чашм пӯшидани онҳо таъсири калидиро дорад. Олимон дар рафти таҳқиқот 1600 нафар пиронсолони синну соли 71-соларо мушоҳида карданд. Ҳамин тавр муайян гашт, ки на вазъи саломативу иқтисодӣ, балки дар танҳоӣ зистан умри онҳоро калтатар мекунад. Дар тӯли таҳқиқоти 6-сола аз ҷамъи пиронсолони зери мушоҳида қарордошта 23%-ашон, ки ҳаёти танҳо доштанду касе ба зиёраташон намеомад ва 14%-и пиронсолоне, ки мунтазам хешовандон онҳоро зиёрат мекарданд, фавтидаанд.

Калонсолон нисбат ба камбудиҳои наздикон ва хешовандон таҳаммулпазиранд. Онҳо ҳамеша барои машварату маслиҳат ва дастгирии ҷавонон омодаанд.  Мо ҳар гоҳе, ки бо мушкилӣ рӯ ба рӯ мешавем, онҳо моро ба оғӯш гирифта, ёрии худро дареғ намедоранд. Бинобар ин фаромӯш набояд кард, ки онҳо низ ба нигоҳубинӣ ва ғамхории мо ниёз доранд. Як сӯҳбати самимӣ, ҳолпурсии дилбардорона ва як занги телефонӣ дар як рӯз умри боқимондаи онҳоро рангинтару хушбахттар карда метавонад.

– таҳияи Саид Муъмин


Модари коргар ва тарбияи фарзанд-1

Дар хона дигару дар кӯча дигар

Агар ҳамсарон ҳамкор бошанд

Advertisements

4 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s