Ҳафт муъҷизаи қуръонӣ: РАВҒАНИ ЗАЙТУН

Равғани зайтун дар Қуръони Карим ду маротиба зикр мегардад. “Ва дарахте (офаридем), ки аз Тури Сино берун меояд; ба ваҷҳе мерӯяд, ки барои хӯрандагон равған ва нонхӯриш ҳосил шавад” (сураи Муъминун, 20). “Худо нури осмонҳову замин аст. Масали нури Вай монанди тоқе аст, ки дар он чароғ ҳаст, он чароғ дар шиша аст; он шиша гӯё ситораи дурахшанда аст, аз равғани дарахти бобаракат – дарахти зайтуне афрӯхта мешавад, ки на шарқӣ асту на ғарбӣ…” (сура Нур, 35).

Расули акрам (с.а.в.) дар яке аз ҳадисҳояшон доир ба фазилат ва фоидаҳои равғани зайтун ба ин маъно чуни қайд намудаанд: “Аз равғани зайтун ҳамчун ғизо истеъмол намоед ва онро ба худ молед. Зеро он аз меваи дарахти пурбаракат ва муборак ба даст оварда мешавад”.

Дар муқоиса бо маргарин, равғанҳои гуногуни ҳайвонӣ ва растанӣ истеъмоли равғани зайтун миқдори холестеринро дар хун баланд накарда, баръакс боиси паст гаштани он мешавад. Сабаби чунин таъсирро олимон дар муҳтавои ғании кислотаҳои равғании дар таркибаш мавҷудбуда медонанд. Аз ин лиҳоз равғани зайтун барои онҳое, ки аз норасоӣ дар қалб ва рагҳои хун шикоят доранд, ягона равғане барои тановул аст.

Равғани зайтун дар таркиби хеш нисбат ба равғанҳои навъи дигар омехтаҳои зиёдеро доро аст, ки барои паст намудани фишори хун, дорои хусусиятҳои шифобахш, таъсири антибиотикиву антикансерогенӣ ва барои таъсири мусбат дар системаи ҳозимаи бадан расонидан хизмат мекунад.

Оиди ҷиҳатҳои иловагии фоидабахши равғани зайтун, ки дар паёми илоҳӣ зикр мегарданд, нуқтаҳои зайлро метавон қайд намуд. Бинобар таркиби хеш равғани зайтунро муддати зиёд захира кардан мумкин аст, ки боиси вайроншавӣ ва ё гузаштани муддати истеъмол шуда наметавонад. Ҳамчунин аз он ба ҳайси маводи равшандиҳанда, омода намудани доруворӣ ва дар соҳаҳои гуногуни саноативу тиббӣ метавон васеъ истифода намуд. Дар оятҳои илоҳӣ дарахти зайтун ва худи зайтун ҳам зикр карда шудааст. Хусусан дар оятҳои илоҳӣ зикр гардидани ҷиҳати ғизоии равғани зайтун ҷолиби диққат аст. Аз ин рӯ гуфтан мумкин аст, ки дар фарҳанги ошпазии мусулмонон меваи зайтун ва равғани он мақоми хосаро доро мебошад.

Азбаски моддаҳои дар таркиби равғани зайтун мавҷудбуда аз ҷиҳати ғизоӣ ғанӣ ва соҳиби витаминҳои зиёд аст, ҳазмкунии он барои меъда қулай мебошад. Ҳамин тавр равғани зайтун барои табобат ва пешгирии бемориву норасоиҳои дил ва рагҳои хунгард фоидабахш аст. Боиси инкишофи солими майнаи сари кӯдакон, қавигардии усутухонҳо, ва пешгирии бемории захми меъда (язва) мебошад. Илова ба ин равғани зайтун як навъ анбори витаминҳо аст, ки дар таҷдиди ҳуҷайраҳо ва коҳиши пиргардии бадани одам нақши асосиро мебозад.

Ҳамин тавр равғани зайтун дорои витаминҳои A, D, E ва K мебошад, ки барои рушди солими кӯдакон бисёр ҳам муҳим аст. Новобаста ба он, ки ин равған дар шакли хунуккардашуда ва ё гармакардашуда тановул карда мешавад, кислотаҳои гастритиро коҳиш медиҳад. Барои ба роҳ мондани кори муназзами талхадон кӯмак намуда, рӯда онро ба осонӣ ба худ кашида мегирад. Азбаски дар худ хусусияти ба зудӣ тоза кардани хунро доро аст, боиси кори муназзам ва сиҳҳатмандии ҷигар мегардад. Барои беморони парҳезӣ равғани зайтун ивазнашаванда аст. Ба хусус барои беморони зардпарвин фоидаовар аст. Аз ин ҷост, ки дар истеҳсоли доруворӣ нақши назаррасро мебозад.

Бояд қайд кард, ки меваи зайтун ҳамчун давои зидди заҳр (антидот) аҳамияти хосаро дорад. Бинобар ин дар соҳаи зебу ороии бадан ва ҳифзи ҳусну таровати пӯсту мӯй аз ҷониби мутахассисони ин соҳа васеъ истифода бурда мешавад. Равғани зайтунро ба умқи решаҳои мӯйи сар молида, онҳоро ҷоннокӣ ва ҷило мебахшанд. Ҳамин тавр равғани зайтун таровати пӯсти инсонро ҳам ҳифз мекунад. Азбаски дар таркибаш витамини Е дорад, кафидани пӯстро пешгирӣ мекунад. Витамини Е ба ҳуҷайраҳои бадан, устухон ва майнаи сар ҳам таъсири мусбат расонида, раванди пиршавиро коҳиш медиҳад.

Ҳамчунин равғани зайтун барои коҳиши холестерини зараровари дар хун мавҷудбуда нақши муҳимро бозида, боиси пешгирии эҳтимоли сактаи дил шудан мегардад. Аз ин лиҳоз дар мамлакатҳои ғарбӣ равғани зайтун серистеъмолтарин аст.


Ҳафт муъҷизаи қуръонӣ: ХУРМО

Садбарг ҳам шифо аст!

Фоидаҳои ҷаъфарӣ

Advertisements

3 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s