Тавсифи психологии ҷиноят

Китоб: “Преступление и наказание”

Муаллиф: Фёдор Достоевский

Нашриёт: “Эксмо”, соли 2014

Теъдоди саҳифа: 672

Забони китоб: русӣ


Ҳар боре ки ман осори Достоевскийро мутолиа мекардам, паҳлуҳои нав ба нави ӯ бароям кашф мешуд.

Н.А. Бердяев

Осори нависандаи маъруф Фёдор Достоевский дар рӯйхати адабиёти ҷаҳон мақоми хосаро доро аст. Ҳар нафаре, ки ақаллан боре асари ӯро мутолиа кардааст, бо суханҳои мазкур розӣ хоҳад буд. Достоевский нақши нафари муқаррариро аз дохили ҷомеа интихоб карда, портрет ва ҷанбаи рӯҳӣ-равонии ӯро моҳирона ба хонанда тақдим мекунад. Дар баробари нақши шахсияти муқаррарӣ, мо ҳамзамон бо психологияи ҷомеаи рус низ имкони шинос шуданро пайдо мекунем. Ҳамин тавр дар нақши қиморбоз, донишҷӯ, девона ва ғайра афроди ҷомеа ҷиҳатҳои дилчаспу ҷолиби табиати одамиро мешиносем.

Яке аз чунин асарҳои барҷаста ва маъруфи Фёдор Достоевский ин асари “Преступление и наказание” мебошад. Муҳтавои асари мазкур дар бораи зиндагии вазнини як донишҷӯи аз донишгоҳ хориҷшуда мебошад, ки дар раванди он вай инчунин мушкилиҳои моддӣ дошт. Ӯ бо олами ботинияш дар муҷодала қарор дошт. Чунин ҷидоли даруна боиси содир кардани ҷиноят шуд. Барои паси сар намудани мушкилиҳо, ӯ дар ҳуҷраи хурд ва танг дар фикри амалӣ намудани нақшаҳои номатлуб буд. Яке аз ҳадафҳои ӯ бо содир кардани ҷиноят, гузоштани қадамҳои устувор баҳри пешрафти моддии хеш буд. Вале…

“Преступление и наказание” тавсифи психологии ҷиноят ба ҳисоб рафта, хониши он ба равоншиносон, донишҷӯён, кормандони амниятӣ, сохторҳои судӣ ва ҳавасмандони жанри мазкур тавсия дода мешавад.

– Бозоров Дилшод


Инферно

Шуҷоатмандиву вифоқи халқҳо

Олами рӯҳии судхӯрон

Advertisements

2 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s