Чаро онҳо лидерони муваффақанд?-1

Ҳаёти фарзанди одам пур аз пастию баландиҳо, гардишҳои тақдирсоз иборат аст. Чунин нишебу фарозҳои ҳаётӣ малакаю маҳорат ва қобилиятҳои моро инкишоф медиҳанд. Боре ҳам андешидаед, ки кадом воқеа, омил ва ё шахсият дар ҳаёти шумо нақши тақдирсоз дошт ва онро ба кулли иваз намудааст. Ба монанди афроди қаторӣ сиёсатмадорон, олимону донишмандон ва лидерони маъруфу муваффақ низ дар дохили ҷомеа тарбия меёбанд. Кадом ҳодиса ва омилҳое буданд, ки ҳаёти ин шахсиятҳоро тағйир дод. Берни Свайн роҳбари “Washington Speakers Bureau” 10 соли охир бо садҳо шахсиятҳои маъруф мусоҳиба намуда, аз онҳо маҳз ҳамин саволро пурсидааст. “Ман мехостам фаҳмам, ки лаҳзаи таҷаддуд дар ҳаёти онҳо кадом буд, ки онҳоро рӯҳбаланд ва илҳомбахш буд?”. Бояд қайд кард, ки Мадлен Олбрайт, Том Брокау, Колин Пауэлл, Терри Брэдшоу, Кондолиза Райс барин лидерҳои ҷаҳонӣ ва ашхоси дар соҳаи худ муваффақи барҷаста миёни мусоҳибони Свайн буданд.

Таҳқиқ ва муайян кардани ҳамон лаҳзаи ҳалкунанда барои ошкор намудани қобилият, дарк, майл, орзу ва баланд бардоштани малакаи лидерии шахс имкон медиҳанд. Бешубҳа, дар ҳаёти ҳар нафаре чунин лаҳзаи таҷаддуд мавҷуд аст ва танҳо нафари соҳибҳадафу оне ки дар ҳақиқат мехоҳад сифат ва кайфияти зиндагонияшро баланд бардорад, инро дарк карда, минбаъд куллан ба самти созандагӣ иваз ёбад. Берни Свайн, ин гардишҳои тақдирсози мусоҳибонашро ба се гурӯҳ тақсим мекунад: одамон, ҳодисот, муҳит.

Одамон

45 тан аз пурсидашудагон гуфтаанд, ки омили муҳимтарини таъсиргузор дар ҳаёти онҳо кадом як нафаре будааст. Барои собиқ котиби давлатӣ Мадлен Олбрайт чунин нафар падараш буд. Падари Олбрайт маҷбур шудааст ду маротиба –дар оғози забткориҳои фашистон, сипас ба иқтидор омадани коммунистон– фаъолияти дипломатияшро қатъ кунад. Пас аз муҳоҷират ба Амрико унвони профессорӣ гирифта дар донишгоҳ кор кардааст. Оилаи Олбрайт дар ҳуҷраҳои хурди донишгоҳӣ, ки назар ба қароргоҳҳои сафирон аз замин то сомон фарқ доштанд, ба сар мебурд. Вале онҳо ҳаргиз дилшикаста нашуда, барои ояндаи некашон дар макони нав аз пеш бештар заҳмат мекашиданд. Мадлен Олбрайт мегӯяд, ки вазифи Котиби давлатӣ душвор буд, вале ӯ ҳамеша тавонистааст оромиро ҳифз карда, сӯйи ҳадафаш бо эҳтимом ҳаракат кунад. Хонум Олбрайт қайд мекунад: “Ҳангоми бо душворӣ рӯ ба рӯ шудан, бароям кофӣ буд танҳо манзараи чӣ гуна падарам дар таҳхонаи наму обзадаи худ зери пояш хишт монда кор мекунад, ба ёд орам”.

Том Брокау роҳбари ҷомеаи донишҷӯён буд. Ӯ дар як замон бо се намуди варзишӣ машғул буд. Шахси серҳаракат буд, аз ин рӯ аксар вақт ба амалҳои ноҷо ҳам даст мезад. Дар баробари ин ӯ ду маротиба аз коллеҷ хориҷ шудааст. Шахсе, ки ӯро ба самти созандагӣ ва ҳаёти самарабахш тағйир дод, устоди сахтгир, вале ғамхори илми сиёсатшиносӣ буд.

Барои мураббии машҳури бозии баскетбол Майк Кржижевски чунин шахс модараш буд. Модари Кржижевски танҳо ҳашт сол дар мактаби миёна таълим гирифтааст, вале “дар вақти лозима ба автобуси пур аз одамони нек савор шудан” насоҳати соддаи ӯ буд, ки фарзандаш Майк тӯли ҳаёт онро “ҳалқа бар гӯш” карда зистааст.

(давом дорад)


Қаҳти риҷол ва “онҳо”

Муассисаи таълимӣ бояд ба раванди рушди психологӣ ва ҷисмонии толибилм арҷ гузорад-1

Танзими вақт ва банақшагирӣ

Advertisements

4 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s