Чаро онҳо лидерони муваффақанд?-2

Ҳодисот

Бохт, садама, ҷароҳат, марги наздикону хешовандон барин мусибатҳо барои 40 нафар мусоҳибони Свайн лаҳзаи таҷаддуди ҳаёташонро ташкил додааст.

Хусусияти вижаи собиқ Вазири меҳнати Амрико Роберт Райх дар ҷавонӣ қади пасташ будааст. “Қади ман 150 см буд ва дар назди дигарон ҳамеша майдаяк будам”, мегӯяд Райх. Ӯро аллакай дар боғча бинобар қади пасташ масхара карда меранҷонданд. Райх ҳангоми таҳсили ҳамагонӣ миёни ҳамсолони худ бачаҳои бузургтарро, ки тавонанд Райхро ҳимоя кунанд, пайдо мекард. Писаре, ки Райхро пуштибонӣ мекард, Майкл Швернер буд. Соли 1964 Майкл Швернер ва ду тани дигар аз муборизони ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ дар шаҳраки Нишоба, Иёлати Миссисипи аз ҷониби аъзоёни “Ку-клукс-клан” бераҳмона кушта шуданд. Ин куштор дар баробари тамоми кишвар Роберт Райхро низ такон дод. Райх ҳамон замон муҳассили мактаби миёна буд. Ҳодисаи мазкур лаҳзаи таҷаддуди Роберт Райх гардида буд. Минбаъд ӯ ҳаёти хешро дар ҷодаи ҳимоя ва ҳифзи ҳуқуқи меҳнаткашону коргарон сарф менамояд. барои ӯ як навъ бедоршавӣ буд, ки ӯро водор мекард тамоми ҳаёташро дар самти хизмати ҷомеа ва ғояҳои адолати иҷтимоӣ сарф кунад. “Майки маро ҳимоя мекард. Ман дар навбати худ ҳимояи дигаронро вазифаи худ медонам”, мегӯяд Роберт Райх, ки ҳоло профессори Донишгоҳи Беркли мебошад.

Тони Блэр, собиқ сарвазири Британияи Кабир замони мактабхонӣ саркаш ва ҷанҷолӣ буд. Лаҳзаи таҷаддуди ҳаёти сиёсатмадор сактаи майнаи сари падараш гардидааст. Ин мусибат ба фаъолияти умедбахши Блэри калонӣ хотима бахшида, дар Тони бошад интизом ва ҷидду ҷаҳдро бедор мекунад. Сифатҳое, ки ба туфайли он баъдатар ӯ дар курсии сарвазирӣ нишастааст. Муассиси “Mrs. Fields Cookies”, Дэбби Филдс новобаста ба муваффақият ва дороии зиёд дар худ қудрат ва нерӯе пайдо карда, тавонисаат фурӯтан боқӣ бимонад. Лаҳзаи таҷаддуди Дэбби муносибати дағалонаи я соҳибмақоме буд, ки бо сабаби ғалат истифода кардани калимае, сӯяш луғатро партофтааст. Ин амал ҳарчанд ба иззати нафси Дэбби расида бошад ҳам, вале ӯ тамкиниро пеша намуда, минбаъд ба худ ваъда медиҳад, ки муваффақ ва қавиирода хоҳад буд.

(давом дорад)


Чӣ тавр одати китобхониро касб намоям?-1

7 рӯзи пурмашаққат барои ҳаёти созанда

Зинда аз онем, ки…-1

Advertisements

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s