Ҳафт муъҷизаи қуръонӣ: АНГУР

Меваи ангур дар Қуръони Карим 11 маротиба зикр мегардад: “Ва Ӯ Он (Худой) аст, ки аз осмон обе фуруд овард; пас бо он ҳар гуна рустаниро берун овардем ва аз он сабзаро берун овардем, ки аз он (сабза) донаҳои яке дар дигаре пайвастаро берун меорем ва аз шукуфаҳои дарахтони хурмо хӯшаҳои хамидаро (берун меорем) ва (низ) бӯстонҳое аз токи ангур ва дарахтони зайтун ва анор – монанди якдигар ва ғайри монанди якдигар…” (сураи Анъом, 99).

Илова ба ин дар оятҳои зайл меваи ангур зикр карда мешавад: Бақара, 266; Раъд, 4; Каҳф, 32; Ё Син, 34; Наҳл, 11, 67; Исро, 91; Мӯъминун, 19; Набаъ, 32; Абаса, 28.

Пӯшида нест, ки мардум токи ангурро сараввал аз навда то баргу меваи пухтааш аз қадим боз барои омода намудани хӯрок ва машрубот васеъ истифода мебаранд. Ошпазони моҳир аз барги ток таомҳои болаззат омода мекунад. Дар айни сабзиш навдаҳои токи ангур ба монанди риштаҳои дарози сабзранг арзи вуҷуд мекунанд, ки онҳоро ҳангоми пухтани хӯрок ҳам истифода кардан мумкин аст. Баъдан навда ба марҳилаи сабзиши ғӯраҳо мегузарад, ки ҳам беморон ва ҳам нафарони солим метавонанд онҳоро тановул намоянд.

Онҳое, ки талхадони бемор доранд, барояшон аз ғӯраи ангур машруботи махсуси табобатӣ омода карда мешавад. Ҳамчунин аз ғӯраи ангур сиркои махсуси туруштаъм омода карда мешавад, ки ҳангоми хӯрокхӯрӣ аз он бо хушӣ метавон истеъмол намуд. Вақто меваи ангур бапуррагӣ мепазад, яке аз ғизоҳои болаззаттарин мегардад. Онро аз навдааш чида дар макони салқин овехта ҳифз кардан мумкин аст. Чунин хусусияти меваи ангур онро миёни меваҳо яке аз дарозумртаринҳо мекунад. Аз донаҳои ангур мавиз, шираи ангур, сирко ва ғайра ғизоҳои барои саломатӣ ва хӯриши инсон фоидаовар тайёр кардан мумкин аст.

Донаки ангур ҳам фоидаовар аст. Табибон аз донаки ангур як қатор доруворие омода месозанд, ки барои беморони дарди меъда ва мушкилоти ҳозима дошта даво аст. Ҳамчунин табибон барои онҳое, ки мушкилоти саломатӣ бо меъда доранд, донакҳои ангурро хоида-хоида фурӯ бурданро тавсия медиҳанд. Бо назардошти кулли фоидаҳои меваи ангур, зикр гардидани ин неъмати илоҳӣ дар Мусҳафи Шариф аз ҳикмат холӣ нест.

Дар баробари фоидаҳои тиббии дар боло зикргардида, меваи ангур пешобро зиёд намуда, фаъолияти дурусти гурдаро ба роҳ мемонад. Санг ва қумҳои дар гурда ҷамъшударо меафтонад. Ҳамчунин таъсири мусҳилро ба ҷой меорад. Ангур хазинаи бузурги энергия аст. Барои ҳаракати боинтизоми мошин энергия чӣ андоза муҳим бошад, барои ҷоннокӣ ва ҳаёти солими инсон ҳам аҳамияти хосаро дорад. Аз ин рӯ тановули ангур, ки калорияи зиёди ғизоиро доро аст, барои инсон ҳатмӣ мебошад.

Меваи ангур боиси зиёд шудани қувваи бадан ва зеҳни одамӣ мегардад. Барои зиёд гаштани хун дар вуҷуд нақши муҳимро мебозад. Моддаҳои токсикии дар бадан ҷамъшударо хориҷ мекунад. Ангур боиси поён шудани фишори хун мешавад. Ҳамчунин дар табобати бемориҳои ревматизм ва илтиҳоби буғумҳо, захми меъда (язва), бемориҳои ҷигар ва сипурз; табобати қабзи меъда, дилбеҳузурии занони ҳомиладор муассир аст. Илова ба ин дилро қувват бахшида, боиси тоза гардидани хун дар бадан мегардад. Меваи ангур пӯсти баданро тароват мебахшад. Раванди шифоёбиро суръат бахшида сабукӣ меорад.

Таркиби ангур ғанӣ аз витаминҳои А, В1, В6, С, калсий ва фосфор аст. Таъсири витамини С дар вуҷуд ҳамчун нақши андова дар сохтмон аст. Ҳар вақто дар ҷисмии инсон норасоии витамини С бавуҷуд ояд, рагҳои хунгард хароб гардида рахнадор мешаванд. Чунин ҳолат боиси хунравӣ шуда метавонад. Илова ба ин, чунин норасоӣ боиси пажмурда шудани пӯсти инсон, хастаҳолии давомнок ва асабӣ шудани шахс мегардад. Меваи ангур, ки дар таркибаш калорияи ғизоӣ ва витамини С дорад, чунин норасоиҳоро рафъ намуда, инсонро ҷоннокӣ мебахшад. Витамини А хастаҳолиро аз байн бурда, витаминҳои В1 ва В6 асабонӣ шудани инсонро пешгирӣ менамоянд. Ҳамчунин витаминҳои мазкур ба ҳайси қувватдиҳандаи маснунияти организм хизмат мекунанд.


Ҳафт муъҷизаи қуръонӣ: АНҶИР

Ҳафт муъҷизаи қуръонӣ: ХУРМО

Ҳафт муъҷизаи қуръонӣ: РАВҒАНИ ЗАЙТУН

Advertisements

3 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s