Чаро онҳо лидерони муваффақанд?-3

Муҳит 

Понздаҳ нафар аз пурсидашудагон ба ин назаранд, ки муҳит (макон, вақт ё таҷриба) дар ҳаёти онҳо таъсири бештар гузоштааст. Барои Кондолиза Райс собиқ Котиби давлатӣ ва собиқ Вазири корҳои хориҷии Амрико лаҳзаи таҷаддудро пайдо шудани шавқи китобхонӣ ва рағбат ба илму донишомӯзӣ, ки дар оилаи онҳо аз насл ба насл ҳамчун мерос мегузашт, ташкил медиҳад. Чунин меросгузорӣ аз модаркалони Райс – Ҷулия Хед оғоз гардидааст. Модаркалон Хеди сиёҳпӯст замоне ки дар киштзорҳои пахтаи Алабама ғулом буд, хондану навиштанро омӯхтааст. Бобои Райс, ки соли 1892 аз никоҳи Ҷули ва шавҳараш –деҳқони чоряккор, ба дунё омада буд, ба таври қатъӣ қарор додааст, ки ҳатман соҳиби маълумоти олӣ хоҳад гашт. Ҳамин тавр ӯ рӯҳонии пресвитерианӣ мегардад. 

Боре Бобои Райс ба хона 9 китоб дар муқоваи чармин бо ҳарфҳои зарҳалӣ чопшударо меорад. Он осори Шекспир, Гюго ва дигар адибони классикӣ буданд. Арзиши китобҳои овардашудааш 90 долларро ташкил медоданд, ки барои он давр маблағи гарон буд. “Бобоям бар ин бовар буд, ки дар хона китоб доштан ҳатмист ва муҳимтар аз ин кӯдакон бояд онҳоро бихонанд”, мегӯяд Кондолиза Райс. Падари Райс соҳиби ду дараҷаи илмӣ, аммааш Тереза бошад дорои дараҷаи илмӣ дар адабиёти викторианӣ буд. Вақте соли 1981 худи Райс дараҷаи илмӣ дар илми сиёсатшиносро ба даст меорад, падараш ҳамон 5 китоби зарҳалии меросиро ба ӯ тақдим мекунад. 

Лаҳзаи таҷаддуди Колин Пауэллро бошад маҳаллаи Банана Келли, ки дар Бронкси Ҷанубӣ ҷойгир буд, ташкил медиҳад. Сиёсатмадори оянда ва яке аз кормандони давлатии машҳур дар ҳамин маҳалла ба воя расидааст. Банана Келли аз ҷомеаи бисёрзабони хушҳол ва мардуми меҳнатдӯст шакл ёфта буд. Пауэлл чунин изҳор медорад: “Ба ҳар чизе, ки ноил шудам, ба туфайли Банана Келли буд”.

Роҳбарони муваффақ тарафҳои заиф ва қавии худро шинохтаанд. Онҳо барои ислоҳи ҷиҳатҳои заиф ва боз ҳам инкишоф додани ҷиҳатҳои қавияшон ҷаҳд мекунанд. Маҳз ҳамин ҷиҳат барои ман сабақи асосӣ буд, ки тули 36 сол бо ашхоси барҷаста зимни кор ва муносибат кардан омӯхтаам. Роҳбарони муваффақ ба садои дарунии (ботинӣ) худ бо диққат гӯш медиҳанд. Онҳо лаҳзаҳои тақдирсози ҳаёташонро, ки ояндаи онҳоро муайян кардааст, дар хотир медоранд. Аз ин рӯ дар мақоми роҳбарӣ шараф, эътиқод, тамоюлу авлавият ва заифии худро хубтар дарк мекунанд. Ин дониш барои онҳо манбаи нерӯи қудратманде мебошад, ки аз он тамоми ҳаёт қувва мегиранд.

Манбаъ: «What Made Me Who I Am»

– таҳияи Достиев Неъмат


4 қоидаи лидери муваффақ

Чаро онҳо лидерони муваффақанд?-1

Чаро онҳо лидерони муваффақанд?-2

Advertisements

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s