Мард бо сафари хизматие ба як кишвари хориҷӣ меравад. Ба меҳмонхона ҳозир шуда, номнавис мекунад ва ба ҳуҷрааш мегузарад. Ба ҳуҷра даромада мебинад, ки рӯи миз компютер истодааст. Фикри дарҳол ба ҳамсараш мактуб (e-mail) навиштан ба сараш меояду мард пушти экрани компютер мешинад. Мехоҳад аз расиданаш ҳамсари азизашро хабар диҳад. Вале тасодуфан мактубашро ба суроғаи дигар мефиристад.
Дар ҳамин асно дар як гӯшаи дигари дунё зане нав аз маросими ҷанозаи шавҳараш бо чашмони сурху варамида ба хона баргаштааст. Зан мактуби ба суроғааш омадаро дида, гумон мекунад, ки кадоме аз дӯстонаш номаи таслият фиристодааст. Бо хондани мактуб зан ба замин афтода, беҳуш мешавад.
Модари зан ба ҳуҷра ворид шуда, духтарашро рӯи фарш беҳуш ва мактуби кушодаро дар экрани компютер мебинад:
Ба ҳамсари меҳрубонам!
Мавзӯъ: Нав расидам
Сана: 16 майи соли 2013Салом азизам! Бовар дорам, ки бо хондани ин хабар ҳайрон мешавӣ.
Дар ин ҷо компютер будааст. Ба пайвандон мактуб навиштан мумкин. Ман акнун омада расидам ва номнавис кардам. Ин ҷо ҳама чиз барои фардо омаданат омода шудааст. Омаданатро бесаброна интизорам. Бовар дорам, ки ту низ ба мисли ман сафари бехатар хоҳӣ дошт.
P.S: Ин ҷо хеле гарм аст!
– Башир Усмон, “Ҳадяи зиндагӣ“
2 Comments Add yours