Рӯбоҳ ва Лаклак

Як замоне Рӯбоҳ ва Лаклак бо ҳам дӯст буданд.

Як рӯз Лакалак ба хонаи Рӯбоҳ меҳмон шуда омад. Рӯбоҳ  хурсанд шуду ҳадаҳа шӯла пухт, ба табақ кашида пиши меҳмонаш гузошт.

– Марҳамат, ҷӯраҷон, бо иштиҳо бихӯр, ки ман шод шавам, – гуфт Рӯбоҳ ба Лаклак.

Лаклаки бечора ба табақ нӯл зад-нӯл зад, аммо бо нӯли борику дарозаш натавонист қадре бошад ҳам, шӯла хӯрад.

Рӯбоҳ бошад, шӯларо дар як дам хӯрду табақро лесида, ба Лаклак гуфт:

–Ҷӯраҷон, ками маро ба ҷои зиёд қабул кун, ҳар чӣ доштам пешат гузоштам.

–Маро иззат карда, заҳмат кашида, таом пухтӣ, сад ташаккур! – гуфт Лаклак, – Фардо, албатта, ба хонаи ман биё.

Рӯбоҳ “аз дӯст як ишора, аз мо ба сар давидан” – гуфта, рӯзи дигар ба хонаи Лаклак меҳон шуда омад. Лаклак хуш қабул карду ба пешаш як кӯзачаи дарози гарданборик оварда монд.

–Ҷӯраҷон, -гуфт, -саҳарӣ хеста оши угро пухтам, аҷаб болаззат аст ин ош, бихӯр, лаззат гир!

Рӯбоҳ ҳарчанд кард, аз кӯзаи гарданборик қадре ҳам хӯрда натавонист. Лаклак бошад, нӯли дарозашро ба даруни кӯза дароварда, ба осонӣ кӯзаро холӣ кард. 

Рӯбоҳ бо шиками гушна ба хонааш омад. Бо ҳамин дӯстии Рӯбоҳу Лаклак тамом шуд.

– “Афсонаҳои халқи тоҷик”


Подоши некӣ

Advertisements

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s