Меваи анор дар Қуръони Карим се маротиба зикр мегардад: “Ва Ӯ Он (Худой) аст, ки аз осмон обе фуруд овард; пас бо он ҳар гуна рустаниро берун овардем ва аз он сабзаро берун овардем, ки аз он (сабза) донаҳои яке дар дигаре пайвастаро берун меорем ва аз шукуфаҳои дарахтони хурмо хӯшаҳои хамидаро (берун меорем) ва (низ) бӯстонҳое аз токи ангур ва дарахтони зайтун ва анор – монанди якдигар ва ғайри монанди якдигар…” (сураи Анъом, 99).
Ҳамин тавр дар сураҳои зайл низ доир ба ҳикмат ва фазилатҳои меваи анор гуфта мешавад: Анъом, 141; Раҳмон, 68.
Ҳазрати Алӣ доир ба фоидаи анор чунин фармудаанд: “Анорро бо пардаи дарунааш бихӯред, зеро он меъдаро тоза мекунад”.
Азбаски пӯст, гул ва оби анор боиси қабзияти меъда мегарданд, табибон онро барои беморони шикамрав тавсия медиҳанд. Оби анор пешобро зиёд мекунад, қалб ва вуҷуди инсонро қувват мебахшад. Онҳое, ки гирифтори бемории меъда ва рӯда ҳастанд, меваи анорро камтар тановул намоянд. Ҳамчунин табибон тавсия медиҳанд, ки кӯдакони хурдсол ва занони ҳомиладор низ аз меваи анор камтар истеъмол намоянд.
3 Comments Add yours