Чойи кабуд ба саломатии инсон фоидаҳои зиёд дорад. Он бемории қанд ва фишори баланди хунро коҳиш дода, саломатии даҳону дандонро ҳифз мекунад.
Нӯшидани чойи кабуд ба кас осудагӣ бахшида, дар фасли зимистон масунияти баданро бар зидди бемориҳо қувват мебахшад. Хавфи гирифторшавӣ ба бемории саратон ва таъсири зарарҳои сигорро коҳиш медиҳад.
Чойи кабуд дар таркибаш моддаи полифенол дорад, аз ин рӯ таъсири радикалҳои озодро дар бадан, ки боиси тағйир ёфтани хусусияти ирсии организм ва ташаккули ҳуҷайраҳои саратон гашта метавонанд, ғайрифаъол мекунад. Ҳамчунин фишори хун, сатҳи холестирин ва равғанбандии баданро паст карда барои кори муътадили қалб кӯмак мерасонад.
3 Comments Add yours