Охирон тори ғижак

Никколо Паганинӣ бастакори машҳури итолиёвист, ки дар асри XIX зиндагӣ кардааст. Ӯ ғижакнавози моҳир буд. Ҳаводорон мафтуни оҳангҳои ӯ гардида, ҳар як ҳунарнамоияшро бо шавқи тамом гӯш мекарданд.

Боре дар ҳузури бинандагони зиёд ҳунарнамоӣ дошт. Ғижакро устокорона менавохту ҳамаро мафтун мекард. Ҳамаи оркестра мусиқиро бо садои ғижаки Паганинӣ мутобиқ менавохтанд. Ғайриинтизор яке аз торҳои ғижак канда шуд. Тори мобайнии он дар осмон бозӣ мекарду аз назари шунавандагон дур намемонд. Дар сару рӯи бастакор донаҳои арақ гул кард. Маълум буд, ки дар ҳолати ногувор мондааст. Аммо мисли ин ки чизе нашуда бошад, бо торҳои боқимондаи ғижак навохтанро давом медод. Аҷиб ин ки дере нагузашта тори дигари ғижаки навозанда ба бозӣ даромад. Вале мусиқии ғижак бидуни ягон камбудӣ ва мисли аввала форам ба гӯш мерасид. Баъди чанд дақиқа тори сеюми ғижак низ барканд. Порчае, ки оркестра навохтан дошт, ба тамомшавӣ наздик буду се тори баркандаи ғижаки навозандаи моҳир ҳанӯз бозӣ мекард.

Бо вуҷуди ин, Паганинӣ бо ғижаки яктора мусиқиро ба поён расонд ва бори дигар ҳамаро ба ҳайрат гузошт. Шунавандагон аз ҷой хеста, бо иштиёқи зиёд ва қарсаки давомдор ба навозанда миннатдорӣ карданд. Садои қарсак ҳам тадриҷан паст мешуд, ҳамин замон Паганинӣ аз шунавандагон хоҳиш кард, ки дар ҷояшон нишинанд. Онҳо ки фикр мекарданд, ҳунарнамоӣ тамом шудааст, ночор нишастанд. Паганинӣ ғижакро оҳиста боло бардошт, то ҳамаи нишастагони толор онро бубинанд. Бо сараш ба роҳбари оркестра ишора кард, ки “Рафтем!” ва ба ҷониби толор гашт. Чашмонашро як каме нимпӯш карду табассум намуд ва ғижакро зери манаҳаш гузошта, навозиши охирин порчаро устокорона ва хеле мукаммал анҷом дод.


ҚАЙД: Ҳаёти оилавӣ мисли ҳунарнамоист, ки дар ҳузури издиҳоми шунавандагони зиёд барпо мекунем. Дар ибтидо ҳама чиз хуб аст. Ягон нуқсу камбудӣ нест. Дуруст ва самимӣ будани муносибатҳоро мехоҳем. Софу тоза садо додани оҳангро хаёл мекунем. Аммо баъди чанде мисли ғижаки Паганинӣ торҳои мо низ мекананд. Камбудиҳоямон ошкор мешаванд. Гӯё оҳанг вайрон мешавад. Дар ин маврид мисли ҳар нафари дигар мо низ бояд ба торҳои кандашуда диққат диҳем ва паҳлуҳои ноқисамонро аз назар гузаронем. Он гуна ки Паганинӣ ноумед нашуда, бо охирин тори ғижак аз уҳдаи иҷрои порча моҳирона баромад, мо низ бояд барои вайрон нашудани оҳанг – ҳаёти оилавиамон моҳирона кор кунем.

– Башир Усмон, Дидор


Муҳаббат

Онро ҳама аз дунё бо худ меорад!

«Барои мо ҳаром аст!»

3 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s