Ҳадя кардани либос савоб аст!

Фақире назди Ҳазрати Абдуллоҳ ибни Аббос (р.а.) омада чизе ҳамчун садақа мехоҳад. Абдуллоҳ ибни Аббос аз фақир мепурсад:

– Оё шаҳодат медиҳӣ, ки ҷуз аз Аллоҳ дигар илоҳе нест ва Муҳаммад (с.а.в.) расули Худо аст?

Фақир:

– Бале, шаҳодат медиҳам!

– Хуш, оё рӯзаи моҳи Рамазонро медорӣ?

– Бале, медорам!

Баъд аз андак суолу ҷавоб кардан, Абдуллоҳ ибни Аббос мегӯяд:

– Ту аз мо чизе ҳамчун садақа талаб кардӣ. Дар баробари ҳаққи диҳанда ҳаққи пурсанда низ мавҷуд аст. Ба ту кӯмак кардан вазифаи мо аст.

Ҳазрати Абдулло пас аз итмоми суханҳояш ба фақир либосе ҳадя карда, ин ҳадисро ривоят мекунад:

– Аз Расули Худо шунавида будам, фармудаанд: “Агар мусулмоне ба мусулмони дигар либос ҳадя кунад ва то замоне ки аз он либос ҳатто порчае дар бадани пӯшанда мавҷуд бошад, Худованд либосдиҳандаро зери ҳимояаш қарор медиҳад”.

Ривоят аз Имом Тирмизӣ


Ҳикмат аз Бишри Ҳафӣ бишнав!

Зубда

Мураббии башарият

3 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s