Ҳафт муъҷизаи қуръонӣ: ГЕЛОС

Меваи гелос дар Қуръони Карим як маротиба зикр мегардад: “Ва асҳоби дасти рост, ки чианд асҳоби дасти рост (напурс)! Дар зери дарахтони сидри бехор; ва дарахтони мавз, ки меваи он болои ҳам чида шудааст; ва дар сояи бардавом; ва дар оби резон; ва дар меваи бисёр; (ки) на ба поён расад ва на аз он манъ карда шавад…” (сураи Воқиъа, 27-33). Баъзе аз муфассирон калимаи “сидр”-ро дар ояти мазкур ҳамчун меваи гелос маънидод кардаанд.

Табибон қайд мекунанд, ки башарият аз меваи гелос, думча, гул ва пӯсти дарахти он баҳравар гардида метавонад. Меваи гелос ҳамчун ғизо истеъмол гардида, боқимонда дар шакли хушконидашуда ҳамчун доруворӣ ба кор бурда мешаванд. Думчаҳои хушконидашудаи гелосро чой дам карда нӯшидан мумкин аст. Зеро он боиси зиёд гардидани пешоб ва тоза кардани гурдаву вуҷуд аз моддаҳои токсикӣ (зараровар) мегардад.

Табибон қайд мекунанд, ки дар таркиби меваҳои гелос шакар, кислотаҳои шабеҳи себ ва лимон, витаминҳои А ва С мавҷуданд. Дар таркиби думча ва пӯсти дарахти он бошад намакҳои калий ва танин мавҷуданд. Меваи гелос хунро тоза мекунад, барои бемориҳои ниқрис, ревматизм, сахтии рагҳои хунгард ва намакгирии буғумҳо фоидаовар аст.

Меваи гелос барои варами ҷигар, фаъолияти мунтазами талха, қавигии асабҳо, тақвияи масунияти бадан, пешгирии гармича ва шикастани ташнагӣ муассир аст.

Ҳамчунин пӯсти дарахти гелос тасби баданро фароварда, барои қатъи шикамравӣ фоидаовар аст. Гули меваи гелос қафаси синаро нарм карда, боиси аз байн бурдани сулфазанӣ мегардад. Баргҳояш ҳамчун доруи мусҳил ба кор бурда мешаванд.


Ҳафт муъҷизаи қуръонӣ: АНОР

Ҳафт муъҷизаи қуръонӣ: АНГУР

Ҳафт муъҷизаи қуръонӣ: РАВҒАНИ ЗАЙТУН

2 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s