Чанд сол пеш шаҳрванди Канада Роберт Бизо ба яке аз ҷазирачаҳои хурди назди Панама мекӯчад. Ҳини дар он ҷой зистан партовҳои зиёди пластикӣ диққати ӯро ҷалб мекунанд. Бахусус манзараи соҳили пур аз зарфҳои пластикӣ табъи ӯро хира мекарданд. Вале андаке баъд ӯ чораи раҳоӣ аз “партовгоҳи пластикӣ”-ро пайдо мекунад. Роберт қарор медиҳад, ки аз зарфҳои пластикӣ биноҳои истиқоматӣ бунёд кунад.
Ҳамин тавр баъд аз чанд соле дар ҷангалҳои галаҷазираи Бокас-дел-Торо деҳа бо биноҳои аз маводи пластикӣ (Plastic Bottle Vilage) биноёфта мавриди истифода қарор дода мешавад. Деҳа аз биноҳои истиқоматии якошёна ва дуошёна иборат мешавад.
Муҷиди лоиҳа Роберт Бизо иброз медорад, ки технологияи сохтмони чунин биноҳои “пластикӣ” бисёр сода аст: зарфҳои пластикиро бо тӯрҳои оҳанин бо ҳам пайваста, ҳамаи онро дар қаламаҳои оҳанин маҳкам баста мешаванд. Қаламаҳои оҳанини аз зарфҳои пластикиро ҳамчун деворҳои хона истифода карда мешаванд. Корҳои боқимонда бо усули сохтмонии муқаррарӣ ба роҳ монда мешаванд.
Роберт Бизо қайд мекунад, ки барои бинои истиқоматии якошёна анқариб 10 ҳазор дона зарфи пластикӣ сарф шудааст. Чунин биноҳо нисбат ба заминҷунбӣ устувор буда, хонаро салқин нигоҳ медоранд.
Барои бунёди деҳаи мазкур 33,5 гектар замин ҷудо карда шудааст. Интизор аст дар ин масоҳат аз 90 то 120 бинои истиқоматӣ ва биноҳои гуногун барои фароғату ниёзи бошандагон бунёд гарданд.
Манбаъ: YouTube
Усули нави таҳсили ройгон дар Ҳиндустон
Дар Испания сарпӯшҳои пластикӣ боиси табобати кӯдакони дардманд мегарданд
One Comment Add yours