Ҳамарӯза 100 дақиқа тасарруф намоед-1

Бешубҳа, умри инсон кӯтоҳ аст ва мебояд онро барои анҷоми корҳои шоиста сарф кард. Ва самаранок истифода бурдани вақт дар ин самт яке аз ҳадафҳои асосӣ мебошад. Баъзеҳо бар ин назаранд, ки танзими вақт (Time management) кори муфид нест, зеро инсонро ба ҳолати стресс ва фарсудагии ҳиссиёт оварда мерасонад. Дигарон бошанд мегӯянд, саравал лозим аст ин малакро аз худ карда, аз нозукиҳои он бо хабар шуду низоми барои худ муносиберо таҳия кард. Азбаски кори дунёро ҳатто бобоҳоямон ба анҷом нарасонида ин оламро падруд гуфтаанд, аз он ки даст ба кори зиёд занем, беҳтар аст, ки самаранок ва саривақт кор кунем. Зеро ҳар кӣ мувозинати ҳаёти корӣ ва ҳаёти оилавию шахсияшро дуруст ба роҳ монд, муваффақ хоҳад гашт.

Ҳоло хостем як қатор тавсия-машваратҳоеро зимни мутолиаи Шумо гардонем. Ҳарчанд аксарият бандҳои дар поён овардашударо сарфи беҳудаи вақт мешуморанд, вале ҳар чӣ бошад умр гузаштан дорад. Бе ин тавсия-машваратҳо ва ё бо онҳо зиндагӣ мегузарад. Вале бояд қайд кард, ки сифати чӣ гуна гузаронидани зиндагӣ боз ҳам ба иродаи Шумо вобаста аст.

 1. Қаблан нақша тартиб дода, корро барвақтар оғоз кунед

Агар барои ба нақшагирии рӯзи нав ҳадди ақал 10 дақиқа ҷудо кунед, метавонед вақти зиёдро сарфа кунед. Зеро дар рафти иҷрои вазифаҳо ҳатман мушкилҳое пеш меоянд, ки мумкин буд пештар пешбинӣ карда мешуданд. Аммо аз рӯйи танбалию нодонӣ онҳо ба инобат гирифта нашуданд. Шахсе, ки нақша тартиб медиҳад, ба чунин мушкилиҳо рӯ ба рӯ намешавад. Зеро дақиқан медонад, ки кадом корро чӣ гуна бояд анҷом диҳад. Нафари беинтизом бошад миёни корҳои муҳиму дуюмдараҷа калавида рӯз мегузаронад.

Барвақттар шуруъ кардани дилхоҳ кор низ дурнамои муассир аст. Агар барои иҷрои вазифае 60 дақиқа ҷудо карда бошед, хуб мешуд онро 20 дақиқа пеш аз вақти таъин гардида оғоз намоед. Диққатро танҳо болои ҳамин амал равона карда бе таваққуф онро анҷом диҳед. Дар натиҷа худ пай мебаред, ки аллакай на кам аз 40%-и кор ба анҷом расонида шудааст.

2. Вазифаҳои кӯчакро фавран иҷро кунед

Дэвид Аллен, мутахассиси соҳаи танзими вақт иброз медорад: агар корҳое, ки анҷомашон вақти камтарро талаб мекунанд, ба таъхир гузошта шаванд, ҳалли баъдинаи онҳо вақти бештарро талаб мекунад. Аз ин рӯ кору амалҳои кӯчак ва вақти кам гирандаро фавран ҳал намуда ба ҷой оред.

(давом дорад)


Озод аз рукуди зеҳнӣ бошед!

Чаро онҳо лидерони муваффақанд?-1

Танзими вақт ва банақшагирӣ

4 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s