Ҳамарӯза 100 дақиқа тасарруф намоед-2

3. Иҷрои вазифаҳои бо ҳам монанд

Диққатро аз як машғулият дарҳол ба машғулияти дигар тамаркуз кардан осон нест. Ҳарчанд равоншиносон қайд мекунанд, ки ин малакаро мебояд дар худ инкишоф дода, вале дигарон иброз медоранд, ки чунин иваздиҳии диққат фоидабахш нест. Моҳияти масъала ин аст, ки ҳангоми банақшагирии рӯз муттаҳид кардани корҳои ба ҳам монанд, вақти бештарро сарфа хоҳад кард. Агар дар давоми рӯз барои ҳалли масъалае шуморо лозим ояд, ки ба кӯча бароед, ҳатман рӯйхати кору вазифаҳои дар берун иҷромешударо аз назар гузаронед. Эҳтимол, муддати соатҳои дар берун мегузаронида корҳои дигарро низ ҳал карда баргардед. Ҳамин тавр имкони “бо як тир ду нишон задан” пайдо мешавад.

4. Омилҳои халалрасонро бартараф намоед!

Ҳарчанд барои аксарият дар давоми соати корӣ саргарми машғулиятҳои беҳадафона шудан муқаррарист, вале барои нафарони соҳибҳадаф ин қабил рафторҳо аз гунаи омилҳои халалрасон маҳсуб меёбанд: машғулият бо смартфону ҷиҳозҳои электронӣ, интернету шабакаҳои иҷтимоӣ, гуфтугӯҳои бефоида бо ҳамкорон ва ғайра. То ҳатто ҳангоми танаффусу вақти истироҳат набояд беҳадаф гузарад. Аз ин рӯ болои машғулият ва вазифаҳои самаранок тамаркуз шудан, омилҳои халалрасонро аз байн бурда, сифат ва малакаи касбӣ-шахсиятонро тақвият хоҳад дод.

5. Ёддошт гиред ва рӯйхат тартиб диҳед!

Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳанд! Ҳангоми гузаронидани машварат ва маҷлисҳои корӣ фикрҳои нав ба миён меоянд. Ва ё ҳангоми саргарми фикрӣ шудан, фикри ҷадиде тавлид меёбад. Дар ин раванд муҳим он аст, ки илҳом ва фикри навомадаро аз даст надоду фаромӯш накард. На ҳар нафар бо санъат ва техникаи баёдгирӣ (мнемоника) шинос аст.  Аз ин рӯ барои қайдҳои лозима дафтарчаву қаламро бо худ нигоҳ доред. Ва ё бо истифода аз имконияти ҷиҳозҳои электронӣ фикру идеяҳои созандаро қайд намоед. Дар ин раванд муҳим он аст, ки қаҷдҳои гирифташуда доим дастрас ва пеши назарамон бошанд. Вагарна қайдҳо гирифташуда фаромӯш мешаванду ба коре ҳам намеоянд.

6. Вақти дар бозор сарфмешуда

Қайд кардани банди мазкур бесабаб нест. Бо ҳисоби миёна сайру оворагиҳои бозорикунӣ дар як ҳафта на кам аз 3 соати як нафарро машғул мекунанд. Ва ин танҳо бозории хӯрокаро дар назар дорем. Ин на кам аз 12 соат дар як моҳ ва анқариб 150 соат (6 рӯз) дар як солро ташкил медиҳад. Агар ба ин ҳисоб мағозагардиву корвонравиро ҳам илова намоем, эҳтимол як моҳи соламон дар бозорҳо сарф мешаванд. Тавсия дода мешавад, ки ҳар нафар одати бозорикунии ҳафтаинаашро аз назар гузаронад. Зеро хариду захиракунии якҳафтаина ё якмоҳаи баъзе анвои хӯрока метавонад аз оворагиҳои ҳаррӯза халос кунад. Ҳамин тавр вақти тасарруфшуда моро барои анҷоми корҳои боз ҳам муфидтар имкон медиҳад.

– таҳияи Достиев Неъмат


Ҳамарӯза 100 дақиқа тасарруф намоед-1

Зинда аз онем, ки…-1

Роҳбалади нафарони қавиирода

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s