Ҳафт муъҷизаи қуръонӣ: МАВЗ

Мавз (банан) дар Қуръони Карим як маротиба зикр мегардад: “Ва асҳоби дасти рост, ки чианд асҳоби дасти рост (напурс)! Дар зери дарахтони сидри бехор; ва дарахтони мавз, ки меваи он болои ҳам чида шудааст; ва дар сояи бардавом; ва дар оби резон; ва дар меваи бисёр; (ки) на ба поён расад ва на аз он манъ карда шавад…” (сураи Воқиъа, 27-33). Аксари муфассирон калимаи “мавз”-ро, ки дар оят зикр мегардад, ҳамон мавзи дунявӣ аст гуфтаанд. Баъзеҳо бошанд “мавз” меваи ин дунё набуда, балки меваи ҷаннатиест, ки ба мавзи муқаррарӣ монанд буда, вале аз асал ширинтар аст, иброз доштаанд.

Табибон қайд мекунанд, ки дар таркиби мавз тамоми ғизо ва элемнтҳои лозимаи барои тағзияи солими ҷисми одамӣ мавҷуд аст. Мавз боиси инкишофи устухон ва суръат бахшидани давраи шифоёбӣ мегардад. Ҳамчунин барои рафъи заъфи асаб ва хастаҳолӣ фоидаовар аст. Дар табобати бемориҳои илтиҳоби гурдаву буғумҳо, бемориҳои рӯда муассир аст.

Онҳое, ки гирифтори қабзияти музмини меъда ҳастанд, мавзро камтар истеъмол намоянд. Вақто мавз пухта мерасад, нишостаи (оҳар) дар таркибаш буда ба шакар табдил ёфта, бо дигар модда ва элементҳои муфиди ғизоӣ ҳамоно дар хун ба осонӣ ҳал мешаванд. Меъда мавзи пухтаро дар муддати 1 соату 45 дақиқа пурра ҳазм мекунад. Ин мева боиси ташаккули ҳуҷраҳои барои маснунияти бадан лозима гашта, авҷ гирифтани захми меъдаро (язва) пешгирӣ намуда, табобат мекунад.


Ҳафт муъҷизаи қуръонӣ: АНОР

Ҳафт муъҷизаи қуръонӣ: АНГУР

Ҳафт муъҷизаи қуръонӣ: ГЕЛОС

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s