Арифметикаи зеҳнӣ

Инсон аз рӯзи аввали ба дунё омаданаш дар инкишоф аст. Агар ҳини қадамҳои аввал донишу малакаи ҳаётие, ки волидайн ӯро меомӯзонанд кифоят кунад ҳам, вале дар баробари рушду инкишофи зеҳниву ҷисмонӣ шахс ба донишҳои нав ба нав зарурат пайдо мекунад. Бояд қайд кард, ки на ҳама вақт малака ва потенсиали аслии ҳар нафар дақиқ муайян карда мешаваду Эйнштейну Пикассоҳо, Беруниву Рӯдакиҳои зиёд бо сабаби муҳит ва имкониятҳои аз даст додашуда худро барҳақ нашиносонида ин оламро падруд мегӯянд. Барои муайян намудани малака ва қувваҳои зеҳнии ҳар нафар дар соҳаи равоншиносӣ роҳ ва услубҳои зиёде мавҷуданд. Яке аз чунин услубҳо арифметикаи зеҳнӣ мебошад.

Арифметикаи зеҳнӣ бо истифода аз усули ҳисоби махсус ва тариқи барномаҳои пай дар пай дар инсон малакаҳои зеҳнӣ ва қобилияти эҷодкориро инкишоф медиҳад. Ҳарчанд ҷомеаи муосир арифметикаи зеҳниро ба тозагӣ кашф намуда, фаъолона дар усули таълим истифода бурданро кӯшиш мекунад, вале ин усули ҳисобкунӣ беш аз 2000-сола аст. Арифметикаи зеҳнӣ мунтазамона ҳар дуи қисмати майнаи сарро –чап ва рост– инкишоф дода, боиси ба осонӣ аз худ кардани фанни риёзиёт ва пайдо кардани дарку завқ нисбат ба эҷодкориву санъатофарӣ мегардад.

Мутахассисон қайд мекунанд, ки ин усули ҳисобкунӣ ба кӯдакони аз синни 4 то 16-солагӣ мувофиқтар аст. Ҳоло арифметикаи зеҳниро дар беш аз 52 кишвар, ба монанди ИМА, Ҷопон, Канада, Хитой ва ғайра фаъолона истифода мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки қисмати тарафи чапи майнаи сари инсон аз малакаҳои зайл ҷавобгӯ аст: инкишо ва рушди IQ, тамаркуз ва диққат, суръати аксуламал, ҳофизаи қавӣ ва нозуксанҷӣ. Қисмати тарафи рости майнаи сари инсон: малакаи баланди эҷодкорӣ, салиқа, тахайюл, худбоварӣ, мустақилона амал карда тавонистан

Равоншиносон қайд мекунанд, ки танҳо 5%-и аҳолии Замин ҳар дуи қисамти майнаи сарро мунтазамона ва дақиқ истифода бурда метавонанд ва чунин нафарон одатан ашхоси муваффақанд. Аз ин ҷост, ки кишварҳои мутараққӣ ба арифметикаи зеҳнӣ аҳамият дода, онро фаъолона дар усули таълими мактабҳои миёна ворид мекунанд. Аллакай дар Тоҷикистон низ якқатро боғчаҳои кӯдаконаи шахсӣ ва марказҳои таълимӣ аз усули арифметикаи зеҳнӣ дарс мегӯянд.

– таҳияи Достиев Неъмат


Равшанфикрии кӯдак аз модар аст

Чаро онҳо лидерони муваффақанд?-1

Қаҳти риҷол ва “онҳо”

2 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s