Дар корхонаҳои Ҷопон хоби нисфирӯзӣ озод аст

Ба ҳамагон ҳолати пас аз нисфирӯзӣ дар корхона хоболуд нишастан шинос аст. Лекин дар Ҷопон коргарон пас аз нисфирӯзӣ метавонанд то 30 дақиқа дар корхона хоб кунанд. Хоби нисфирӯзиро дар Ҷопон “инэмури” меноманд. Соҳибкорон бар он ақидаанд, ки фаъолияти коргари нисфирӯзӣ хобкарда нисбат ба хобнакарда беҳтар аст. 

Ҳамин тавр дар баъзе корхонаҳо ҷопонӣ ба монанди ширкати “Gmo Internet Inc”  утоқҳои махсус барои нисфирӯзӣ хоб кардан мавҷуданд. Зеро пас аз истироҳат қисми дуюми рӯзро бо нерӯи тоза ва самаранок сар кардан барои пешравии фаъилияти ширкат авлотар аст. 

Инчунин таҳқиқот исбот кардаанд, ки 30 дақиқаи хоби нисфирӯзӣ ба 2 соати хоби шабона баробар аст. Чунин таҷрибаи хоби нисфирӯзӣ дар Испания ва Италия барин кишварҳои ғарбӣ низ машҳур аст. Ҳамчунин ногуфта намонад, ки дар фарҳанги исломӣ низ одати хоби нисфирӯзӣ мавҷуд аст. Паёмбари акрам (с.а.в.) 1400 сол пеш доир ба саломатии хоби нисфирӯзӣ ривоят кардаанду онро ба умматонашон тавсия додаанд.

– таҳияи Саид Муъмин

2 Comments Add yours

  1. Абдурахмон says:

    Я майда хов, беҳ ай гушти гов…

    Like

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s