Ғофил манишин, на вақти бозист!

Китоб: “Жесткий тайм-менеджмент”, возьмите свою жизнь под контроль

Муаллиф: Дэн Кеннеди

Нашриёт: Альпина паблишер, соли 2014

Теъдоди саҳифа: 199

Забони китоб: русӣ


Аз имрӯз дида чизи гаронтаре нест!
– Гёте

Ҳоло мафҳуми вақт дар назди мардумони шарқӣ, бахусус мусулмонон аҳамият ва қадри худро аз даст додааст. Ҳол он ки вақт яке аз сармояҳои гаронбаҳо буда, қиматнокии бебозгашт дорад. Танҳо нафарони эҷодкор, сармоягузорон, тоҷирони муваффақ, волидайни ғамхору соҳибэътибор, ҳамсарони шафиқу нозукбин, роҳбарони соҳибмалакаву дурандеш аҳамияти аслии вақтро дарк карда, доим кӯшиш мекунанд, ки онро ба танзим дароварда, ҳар сонияи зиндагонияшонро ғаниву рангин гузаронанд.

Танзими вақт малакаи басо муҳим ва самарабахш аст. Дэн Кеннеди роҳбар, сармоягузор, соҳибкори муваффақ ва ровии муассири дунёи тиҷорат аст. Ӯ дар яке аз китобҳои серфурӯштарини худ “Жесткий тайм-менеджмент” қайд мекунад, ки вақте соли 1996 чопи аввалини ин китоб ба нашр баромад, ӯ барои хизматрсониҳои худ аз мизоҷонаш 3500$ мегирифтааст. Имрӯз бошад, гарчанде нисбат ба замонҳои қаблӣ заҳмати зиёд намекашад, вале арзиши хизматрасониҳояш аз 15000$ то 21000$-ро ташкил медиҳанд. Аксарият баъд аз хондани ин сатрҳо метавонанд эътироз намоянд, ки чаро инсон барои машварат-тавсия ва ё матни рекламавӣ-тарғиботии фурӯши маҳсул ин ҳад маблағи зиёд талаб мекунад, вале дар асл Дэн Кеннеди аз мизоҷонаш ҳаққи хизматрасонӣ не, балки арзиши вақти сарф кардаашро “меситонад”. Ва то ҳол яке аз бизнес-ровиёни сермизоҷ аст.

Бе шубҳа арзиши вақт нисбат ба замонҳои қаблӣ гаронтар шудааст. Ва то рафт зиёд ҳам шуда истодааст. Ҳар кӣ ба дарки ин нозукият расад, муваффақ хоҳад гашт. Он нафароне, ки аҳамияти вақтро дарк накардаанд, то охири умр фақиру залил хоҳанд зист.

Хониши китоби “Жесткий тайм-менеджмент” ба соҳибкороне, ки дар ҷодаи тиҷоратияшон муваффақ шудан мехоҳанд ва ҳамчунин ба ҳар нафари мудрики аҳамияти вақт шадидан тавсия карда мешавад.


Озод аз рукуди зеҳнӣ бошед!

Ҳаёти созанда аз нақшаи рӯз оғоз меёбад

Роҳбалади нафарони қавиирода

5 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s