Малакаи гиреҳбандӣ ё бандбандии пойафзолро кӯдакон одатан баъд синни 4 ё 6-солагӣ аз худ мекунанд. Малакаи мазкур дар баробари таҷрибаомӯзӣ ҳамчунин дар кӯдак моторикаи хурдро кор фармуда инкишоф медиҳад. Аз ин рӯ ҳар чӣ барвақттар ба кӯдак мустақилона гиреҳ бастан ва банд бастани пойафзолашро омӯзонед, ҳамон андоза барои худи кӯдак муфид хоҳад буд.
Омӯзиши бандбандии пойафзолро ҳамроҳи кӯдак аз бандҳои калон сар кунед. Метавонед аз камарбанди ҷома ё халат истифода баред. Кӯдак дар мисоли банду либосҳои калон усули бандбандиро осонтар омӯхта, ҳар чӣ зудтар бастани бандҳои пойфзолро аз худ мекунад.
Ҳангоми омӯзиш саросема ва асабӣ нашавед. Аз хотир набароред, ки кӯдак ҳама чиро базудӣ ва якбора омӯхта наметавонад. Шояд, то вақте кӯдак сарфаҳм меравад, садҳо бор фаҳмонидан лозим мешавад.
Агар кӯдак базудӣ сарфаҳм наравад, аз ӯ наранҷед, бахусус таҳқир накунеду ҷазо надиҳед. Чунин амал баръакс метавонад ба раванди омӯзиши бандбандии мустақилона халал расонад. Сабур бошед, натиҷаҳои хуб шуморо интизор аст.
Ҳавасмандкунии мусбат ва мадҳ дар ин кор метавонад шуморо кӯмак кунад. Албатта ин ҷо бояд меъёрро риоя кард. Агар кӯдак бандҳои пойафзолашро носоз ва каҷ бандад, ӯро бисёр сохтакорона таъриф накунед. Танҳо бигӯед, ки кораш хуб аст, вале ӯ метавонад банди пойафзолҳояшро беҳтар бандаду гиреҳи оянда зеботар шавад.
Агар кӯдак чапдасту волидон ростдаст бошанд ё баръакс, ин раванд каме тӯл хоҳад кашид. Дар ин маврид даъват кардани ягон хешованд ё дӯсте, ки ба монанди кӯдак чапдаст ё ростдаст мебошад, дурусттар хоҳад буд. Бигзор ӯ ба кӯдак нишон диҳад, ки чӣ гуна бо дасти чап бандро бояд гиреҳ баст.
– таҳияи Достиев Неъмат
2 Comments Add yours