Оқибати камхобӣ

Хоб воситаи асосии барқарорсозии нерӯи ҷисмонӣ ва зеҳнӣ ба шумор меравад. Бинобар тавсияи табибон инсон дар як шабонарӯз барои пурра барқарор кардани нерӯи тоза бояд 7‐8 соат хоб кунад. Ҳамчунин нафароне, ки машғули тамринҳои варзишӣ ҳастанд, ба истироҳати иловагӣ ниёз доранд.

Камхобии музмин  ба коҳиш ёфтани самаранокии кор, асабоният оварда мерасонад. Камхобӣ  ба саломатӣ таъсири манфӣ расонида, масуниятро заиф ва гардиши моддаҳоро дар организм халалдор мекунад.

Камхобӣ боиси ҳодисаҳои нохуш мегардад

Бинобар омори расмӣ шумораи зиёди садамаҳои нақлиётӣ бо сабаби хоб кардани ронанда дар сари чамбараки автомобил ба миён меоянд. Гуфта мешавад, ки тақрибан 30% садамҳои нақлиётӣ ба ин ҳолат рабт доранд. 

Тадқиқот ҳамчунин нишон додаанд, ки камхобӣ сабаби садамаҳои зиёди истеҳсолӣ дар корхонаву фабрикаҳо мегардад.

Камхобӣ заифақл мекунад

Барои раванди фикрронӣ ва омӯзиш xоб нақши калидӣ мебозад. Аз ин сабаб норасоии он ба қобилиятҳои когнитивӣ ва фикрронӣ таъсири манфӣ мерасонад. Аз ҷумла тамаркуз ва диққатро заиф карда, қобилияти мулоҳизаронии мантиқиро аз байн мебарад.

Камхобӣ ба мушкилиҳои саломатӣ оварда мерасонад

Нафароне, ки ба қадри кофӣ хоб намекунанд, бо хатари ба бемориҳои зайл гирифтор шудан мувоҷеҳанд: бемориҳои дил, фишори баланди хун, касали қанд.

– таҳияи Достиев Неъмат


Дар корхонаҳои Ҷопон хоби нисфирӯзӣ озод аст

Пешобро дошта натавонистани кӯдак

Чойи кабуд нӯшида шифо ёбед!

4 Comments Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s